Туҳфаҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат!

Боиси фараҳмандист, ки дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 30 нусха бо сифати баланд ва муҳтавои ҷолиб ба ДИС ДДТТ тақдим карда шуданд. Ин китобҳо бо номҳои “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун” дар ду китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, китоби “Роҳи Абрешим: Тоҷикистон ва Чин” , “Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия” “Тоҷикистон 25” бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ бо сифтаи баланд ва аксу мусаввараҳои таърихи давлатдории тоҷикон ва дастовардҳои арзанда дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба нашр расидаанд. Муҳтавои асосии китобҳои мазкур ба саҳм ва нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди иқтисодию сиёсии кишвар бахшида шудаанд.

Ҳамчунин ду китоби пуразиши дигар бо номҳои “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Эмомали Рахмон и год молодежи” низ ба донишкада тақдим гардиданд, ки дар онҳо сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2017 ва 2018 ва натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Пешвои миллат инъикоси ҳаматарафа ёфтааст.

Бешубҳа барои аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва устодону донишҷӯёни донишкада ин китобҳо туҳфаҳои арзандаи Пешвои миллат маҳсуб мешаванд ва боварӣ дорем бо мутолиаи онҳо ҷавонон ба роҳи рост ҳидоят ёфта, худшиносу худогоҳ мегарданд ва барои ободию пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.   

Китобҳои Пешвои миллат зимни баргузории дарсҳои тарбиявӣ аз тарафи устодони донишкада муаррифӣ карда шуданд.

Китоб ганҷинаи тафаккур, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад.Бузургони мо дар бораи китоб даҳҳо ҳазор суханҳои баландмазмун гуфтаанд.  Чунончӣ, Мавлоно Биноӣ мефармояд:

Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,

Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.

Роҳатафзои ҷону роҳати дил,

Ҳарчи дилхоҳи туст ,аз ӯ ҳосил.

Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,

Ки на ранҷа диҳад , на ранҷонад.                                                  

Дар ин маънӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид намудаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,

Ки доно бе кутуб доност дар гӯр.

Китоб пирояи хирад ва сармояи ҳунар аст. Китоб қувваи бузург аст ва онро метавон мӯъҷиза номид.

Бузургворе фармуда:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Аз ҳамаи чизҳои офаридаи инсон ба мо наздиктарин, бузургтарин ва бебаҳотарин китоб аст. Китоб -манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Аз ин ҳама ҳикматҳои гавҳарбор бояд ҷавонон ибрат гиранд ва ба китобхонӣ дил баста, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *