
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ қарор дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохила ва берунаи кишварамон ироа карда шуд. Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” дар Паёми навбатии Пешвои миллат на танҳо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиамонро муайян мекунад, балки зарурати тағйиротҳои бунёдиро дар низоми иқтисодӣ ва идораи он таъкид мекунад.
Дар мақолаи мазкур кӯшиш ба сайъ дода шудааст, ки самтҳои афзалиятности рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимтарин дастурҳои Паём ва нақши рақамикунонӣ дар ин раванд баррасӣ намояд.

1. Рақамикунонӣ – меҳвари рушди иқтисодӣ
Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” аз аҳамияти ниҳоят бузурги ин раванд барои рушди иқтисодиёти милли Ҷумҳуриии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат низ ба таври возеҳ таъкид карда шуд, ки рақамикунонӣ бояд ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, молия ва маориф татбиқ карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон бояд ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, платформаҳои электронӣ ва абзорҳои онлайнӣ одат кунанд. Рақамикунонӣ дар соҳаҳои қайд карда шуда имкон медиҳад, ки:
Ҳаҷми истеҳсолот ва самаранокии он афзоиш ёбад;
Хароҷот ва вақти иҷрои амалиётҳо кам карда шавад;
Шаффофияти иҷроиши амалиётҳо таъмин гардад;
Ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти ватанӣ осонтар гардад;
Инноватсияҳо ва технологияҳои нав татбиқ гарданд.

2. Саноатикунонии инноватсионӣ ва рақобатпазирӣ
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи саноатикунонии кишвар диққати хоса дода шуд. Сарвари кишвар ба Вазорати саноат ва технологияҳо ва дигар вазорату идораҳо муроҷиат намуда, супориш доданд, ки ҳама соли рушди соҳаи саноатӣ на кам аз 20% таъмин карда шавад. Ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ аз тарафи Роҳбари давлат дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ корхонаҳои саноатӣ бояд ба технологияҳои нав, автоматикунонӣ ва роботизатсияи истеҳсолот гузаранд. Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар равандҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки:
Сифати маҳсулот баланд бардошта шавад;
Арзиши аслии маҳсулот паст карда шавад;
Ҷойҳои кории нав бо маоши баланд фароҳам оварда шаванд;
Дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад;
Иқтидори содиротии кишвар афзоиш ёбад.

3. Кишоварзии рақамӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ
Дар Паёми Президенти кишвар махсусан қайд карда шуд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам баландшавии нархи маҳсулоти хӯрока дар бисёр давлатҳои дунё ба назар расида истодааст. Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафи миллии таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолии кишварамон мо бояд тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 ба миқдори 73 млрд. сомони расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 1,9 маротиба зиёд гаштааст.
Гуфтан зарур аст, ки дар Паёми Президенти мамалакат ба рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шуд. Барои ин, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Технологияҳои рақамӣ метавонанд дар соҳаҳои зерин истифода шаванд:
Идораи хок ва ҳосилхезӣ бо истифодаи сенсорҳо ва дронҳо;
Истифодаи самараноки захираҳои об;
Пешгӯӣ кардани обу ҳаво ва идоракунии хатарҳои табиӣ;
Истифодаи платформаҳои онлайнии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ;
Дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерон ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба маълумот ва технологияҳои нав.

4. Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ
Маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ ду рукни муҳими пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ташаккули ин ду мафҳум на танҳо барои худи шаҳрвандон, балки барои давлат ва ҷомеа дар маҷмӯъ аҳамияти бузург дорад. Дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки ташаккули ин ду самти номбаршуда яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Ба ақидаи мо ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштаани фарҳанги андозсупорӣ чунин аҳамият дорад:
Беҳтар намудани сатҳи некӯҳволии халқ;
Тақвияти фаъолнокии иқтисодӣ пеш аз тавассути рушди соҳибкории хурду миёна;
Тавсеаи базаи андозбандии миллӣ;
Таъмини устувории буҷети давлатӣ;
Даромади андозӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҷалби сармоягузорон зарур аст. Ин ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар замина мегузорад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани маърифати молиявӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ на танҳо зарурат, балки вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ва давлат мебошад. Ин ду мафҳум ба ҳам алоқаманд буда, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозанд. Бо ин мақсад, зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ ва тарғиботӣ дар сатҳҳои гуногун таҳия ва татбиқ карда шаванд ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин раванд таъмин карда шавад.

5. Рушди захираҳои инсонӣ ва баландбардоштани салоҳиятҳои рақамӣ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ босуръат рушд мекунанд ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонанд, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти фавқулодда пайдо мекунад.
Имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои ҷаҳон иқтисодиёти рақамӣ мавзӯи хело маъмул гашта, рақамикунонии тамоми равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо суръати хело баланд мушҳида шуда истодааст. Технологияҳои рақамӣ қариб тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти моро фарогир шуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ин раванд дар канор намондан бояд захираҳои инсонии худро барои корбарӣ дар ин шароит омода созад.
Ба ақидаи мо, минбаъд барои рушди нерӯи инсонӣ ва тақвият додани салоҳиятҳои рақамии он бояд чунин чораҳоро андешид:
Таҷдиди назар ва ислоҳи барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботи бозори меҳнати рақамӣ, аз ҷумла ворид намудани малакаҳои рақамӣ ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз мактаб то донишгоҳ;
Тақвияти барномаҳои бозомӯзии мунтазам барои омӯзгорони мактабҳои миёна ва мактабҳои таҳсилотии олии касбӣ бо мақсади омода намудани онҳо барои таълим бо истифодаи технологияҳои рақамӣ;
Тақвияти низоми таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши касбҳое, ки бо технологияҳои рақамӣ алоқаманданд;
Таъмини дастрасии ҳамагон ба интернет бо нархҳои дастрас ва сифати баланд дар саросари кишвар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст;
Рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои 4G ва 5G;
Ташкили марказҳои технологӣ ва технопаркҳо, ки ба рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.
Самтҳои асосии татбиқи сиёсати дохила ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти кишвар ироа гаштанд ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” ба рушди устувори иқтисодӣ, баландбардории рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд. Барои муваффақ шудан дар ин раванд зарур аст, ки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намоянд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар солҳои оянда метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва рақобатпазир табдил диҳад.
Мирпочоев Д.А.- муовини директори оид
ба илм ва муносибатҳои байналмилалии
ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд, н.и.и.
