АЗ НИЯТҲОИ ҒАРАЗНОКИ ШАЙТОНСИФАТОН ОГОҲЕМ!

      Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки вақтҳои охир, алалхусус яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигар афрод Ашуров Ҳусейн, узви фаъоли

“Гурӯҳи 24” дар барномаи ифротии “Ҳақ ва ботил” баромад намуданашон ба назар мерасад. Масалан баромадҳои ифротии навбатиашон, яке санаи 3 январ ва дигаре 5 январи соли равон дар барномаҳои зикршуда баромад намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофатанд. Ин тангназарон дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии мо санги маломат мезананду дар пайи эҷоди ҳар гуна тафриқаҳо мебошанд. Ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Шабакаҳои интернет, ки як майдони васеъ ва беканор аст, дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд ва ҳамагон кайҳо аз ниятҳои ғаразноки ин шайтонсифатон огаҳанд. Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки имрўз бо баробари дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доштани ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин дурўғгўӣ, ғайбату тўҳамат ба назар мерасад. Бинобар ин, ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди ин падидаи номатлуб муборизаи беамон барад. Танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон алайҳи ин вабои аср муборизаи беамон бояд бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *