САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми хешро оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд.
Зимни Паём Пешвои миллат оид ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ва паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим қайд карда гузаштанд. Сарвари кишвар ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд”.
Воқеан, имрӯзҳо мо шоҳиди шиддат гирифтани хавфу хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, ки ба пойдории сулҳу субот, ва амнияти давлатҳо таҳдид эҷод мекунанд, рӯ ба рӯ гашта истодаем. Дар баробари ин, мушкилоти иқлим – гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, камобӣ ва гуруснагӣ ба аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилотҳои номбаршуда дар канор буда наметавонад ва кишвари мо ҳамроҳ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон тамоми кӯшишу тадбирҳои худро ҷиҳати ҳалли муаммоҳои номбаршуда равона карда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки кишвари мо, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати хориҷии худ ҷонибдорӣ таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳо, алалхусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Вобаста ба ин, Президенди кишвар дар Паёми худ таъкид карданд, ки “Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад”. Дар баробари ин, Сарвари кишвар зикр карданд, ки “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад”.
Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва кишвари мо дар заминаи ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Дастёбӣ ба чунин дастовард дар охири соли 2002 дар натиҷаи бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» муяссар гашт.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам рушд ёфт ва то имрӯз бомуваффақият идома дорад. Маҳз ба хотири чунин сиёсат Тоҷикистон бо 183 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 192 давлатҳои ҷаҳон Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад.
Зимни Паёми худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи кунунии Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин диққати аҳли нишастро ҷалб намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбати ҳамин кишвар баён намуданд: “Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем”.
Дар иртибот ба ин , бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти хадамоти хабарии СММ, моҳи октябри соли 2023, пас аз ҳуҷуми ҳаракати ҲАМОС ба Исроил дар натиҷа тақрибан 1200 нафар кушта шуда, 240 нафар гаравгон гирифта шуданд. Пас аз ин воқеа, даври нави шиддат гирифтани ҷангу муноқишаҳо дар Ховари Миёна сурат гирифт. Дар раванди амалиёти ҷавобии ҳарбии Исроил ба Ғазза беш аз 20 ҳазор нафар аҳолии ғайринизомӣ ба ҳалокат расида, беш аз 85 фоизи аҳолӣ гурезаву саргардон шуданд ва ба норасоии обу ғизо ва барҳам хӯрдани бахши тандурустӣ оварда расонд. Дар ҳақиқат, вазъи баамаломада дар Шарқи Наздик, алалхусус дар Фаластин кишварҳои ҷаҳонро сахт ба ташвиш овардааст ва барои ба эътидол овардани вазъ ҷонибҳо аз роҳи низомӣ даст кашида, бо роҳи музокира онро ҳал намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, ки боиси ба ҳалокат расидани 150 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳ гаштааст. Аз ин лиҳоз, кишвари мо, ҷонибдори бо роҳи сулҳ ҳаллу фасли ҳама гуна низову мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш қайд карданд, ки “Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории судманд менамояд. Аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳо мебошад. Ҳамаи ин созмонҳо, ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидаанд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ силсила ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об ва иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии худро ёфтаанд. Аз ҷумла,«Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошанд.
Дар баробари ин, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гашта, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Аз ин лиҳоз, кишвари мо минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳо рушду густариш медиҳад.
Фарҳанг яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи ҳар ҷомеа буда, таҷассумгари давлату дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО (ташкилоти махсуси Созмони Миллали Муттаҳид – оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) ҳамкории судманд менамояд. Кишвари мо, дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ба дастовардҳои назаррас муваффақ гаштааст. Алалхусус, мусиқии Шашмақом, «Фалак» ва иди ниёгони мо – Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддӣ ва шаҳрҳои қадимаи Саразм ва Тахти Сангин Боғи миллии Тоҷикистон, «Чакан» ба Феҳристи мероси моддии ин ташкилот шомил гардиданд.
Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ махсусан таъкид карданд, ки “Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”.
Ҳамин тариқ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа шуда, дар навбати худ ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шуданд. Бояд зикр кард, ки маҳз ба шарофату заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, симои мусбати кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким ва тақвият ёфт. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар мустаҳкам ва бунёди сиёсати хориҷии кишвар хеле бузург ва муҳим аст.

ҲОШИМОВ Ф.Ҷ.,
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносӣ, ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *