ХИЁНАТКОРРО НА ВАТАН ВА НА ҶОМЕА НАМЕБАХШАД!

Вақтҳои охир Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону пайравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ машғуланду дигар шуғле надоранд. Чунончи санаи 21 декабри соли 2023 тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ ва як қатор пайравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода ва Шарофиддин Гадоев баромад намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро чун баромадҳои қаблиашон нодида гирифта, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором намоянд. Баробари ин бояд қайд кард, ки барномаи “Минбари муҳоҷир”макони сафсатагўе табдил гаштааст. Хоинони миллат зимни баромадҳояшон бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ, ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагўӣ медароянду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунанд. Бадхоҳони миллат бехабаранд, ки мардуми солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти душманонаи паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..”асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғиб қарор дода шудааст. Хулоса, дар симои аслии Муҳаммадиқболи Садриддин умуман, раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат, маълум аст, ки мардуми кишвари Тоҷикистон ин қабил афродро ҳамчун тӯдаи хоини ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоинони миллат дар Аврупо зиндагии мухоҷирона доранд ва инсони дарбадари дур аз Ватан ҳастанд. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурўшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад.

А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

иқтисолиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *