Вақтҳои охир дар матбуот ва тавассути воситаҳои аудио-видеоӣ маводе мунташир мешавад, ки он аз пайдоиш ва ба фаъолияти густурдаи гурўҳе, ки худро мансуб ба салафи солеҳ медонанд, дарак медиҳад. Барои шиносоии хонандагон ба ҳақиқати ин гурӯҳ лозим аст, чанд сатре дар поён зикр карда шавад.
Донишмандони салаф (донишмандон ва диншиносони сесад соли аввал, аз саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо) аз чумлаи собиқин ва касоне, ки баъди эшон омаданд, аз ҷумлаи тобеъин ҳамагӣ дорои хайр ва осори нек ҳастанд.
Пеш аз он, ки ба ин саволҳо рӯшанӣ андохта шавад, хотираи хонандаро барои ёдоварии як нуқта мутаваҷҷеҳ бояд сохт, ки дар солхои 80-90 асри гузашта дар Тоҷикистон гурўҳе зуҳур карда буд, ки онро бо номи “ваҳҳобӣ” ёд мекарданд.
Ин гурӯҳ нисбати донишмандон ва муҷтаҳидони аҳли суннат ва ҷамоат аз асри аввали ҳиҷрӣ гирифта то имрӯз бисёр беодобӣ ва густоҳӣ мекунанд. Ин гурӯҳ ҳамеша бо оммаи мусулмонҳо дар ҳолати даргирӣ ва баҳсу мунозира ҳастанд, кори ҳамешагӣ ва асосиашон ҳамин аст. Ин гурӯҳ даъво дорад, ки баъди сесад соли аввали ҳиҷри Ашъари ва Мотуриди ақидаи мардумро олуда кардаанд. Яъне дар тӯли зиёда аз ҳазор сол мардум муваҳҳиди ҳақиқӣ набуданд, балки ҳама дар гумроҳӣ ва нодонӣ гузаштанд, даъво дорад ин гурӯҳ.
Аввалин бор дар байни тоҷикон гурӯҳҳои салафии тамоюли хавориҷи дошта, миёнаҳои даҳаи солҳои 90 зуҳур кард. Вақте ки гуфтушунидҳо миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин идома дошт, як гуруҳ аз чеҳраҳои саршиноси ҲНИ ба ин раванд мухолифат карданд.
Аммо дар дохили Тоҷикистон гуруҳи салафи-хавориҷ чор сол муқаддам пайдо шуд. Ин гуруҳ дар марҳалаи шаклгириаш барои худро аз низоми ҳоким дур нигоҳ доштан услуби хуберо пайдо кардааст. Равиши феълии салафи- хавориҷ дастгирии низоми ҳоким ва эътирофи он ҳамчун “улу-л-амр” ва “воҷибу-т- тоъат” будани он аст, ки ин равишро салафиҳои хавориҷ дар дигар кишварҳо дар марҳилаи шаклгириашон пеша карда буданд. Чунин равишро салафиҳои дигар, ки бо номи “салафиҳои мадҳали” номида шуда, дар кишварҳои араби машҳуранд, доранд. Онҳо барои низомҳои ҳоким алайҳи ҳаракатҳои исломи амалҳои ҷосусиро анҷом медиҳанд.
Салафиҳои такфири дар кишварҳои дигари исломи, монанди Миср, Алҷазоир, Тунис, Мағриб, Мавритания, Яман ва дигар ҷойҳо тахти шиори Китоб ва Суннат ҳамаи мусалмонҳорое, ки ба ақидаи онҳо мувофиқ нестанд, кофир ва мушрик эълон намуда, куштани онҳоро пеш аз кофирони ишғолгар авлотар медонанд. Ҳамин гуруҳҳо дар Миср дар аввали пайдоиш бо низоми Миср ҳамкори намуда, алайҳи ҳаракатҳои исломии сиёсии мӯътадил муборизаи таблиғоти шурӯъ карданд, ки ин амали онҳоро ҳукуматдорон хуш ва хуб пазируфтанд. Вале баъд аз гузаштан аз марҳилаи муайян онҳо чеҳраи худро ошкор карда, барои низоми Миср “дарди сар” эҷод карданд.
Дар Покистон низ ин гуруҳҳо барои амнияти ин кишвар чанд даҳсола аст, ки хатар эҷод мекунанд. Ин тоифа дар зоҳир худро мудофиъи Китобу Суннат ва саҳобагони Паёмбари Ислом нишон дода, бо номи “Сипоҳи саҳоба” гуруҳҳои мусаллаҳи ифротиро созмон додааст, ки ба муқобили шиаҳо ва масҷидҳои онҳо амалиётҳои терорристи мебаранд. Ҳатто Ҳангоми адои намоз куштани намозгузорон дар масҷидҳо ва таркондани онҳоро барои худ чиҳод ва амали савоб медонанд. Зеро онҳо ҳамаро ҷуз худашон кофиру мушрик медонанд.
Бояд ёдовар шуд, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон гуруҳҳои тамоюли шиъа дошта, низ пайдо шудааст. Ин гуруҳҳо низ барои амнияти кишвар дар оянда метавонад хатарҳо бошад. Чунки барои мо аз таърих маълум аст, ки миёни сунни ва шиъа чи кадар низоъҳо ва кушторҳои хунин сурат гирифтааст. Дар гузашта дар Тоҷикистон тоифаҳои мазҳабии бо ҳам мухолиф вуҷуд надошт (ба истиснои тоифаи исмоилиҳо, ки боре ҳам миёни онҳо ва мусалмонҳои сунни низоъе вокеъ нашудааст). Вале имрӯз ин тоифаҳоро аз ҳисоби мусалмонҳои аҳли суннати ҳанафи ба вуҷуд овардаанд ва дар муқобили онҳо ҷараёни тундгарои салафи- хавориҷро низ эҷод кардаанд. Ҳодисаҳои хунин миёни мусалмонҳои шиъа ва гуруҳҳои салафи-хавориҷ дар Ироқ барои ҳама бояд дарси ибрат бошад. Дар марҳалаи феъли гуруҳи салафи-хавориҷ фақат ба кофир эълон кардани шиъаҳо ва таблиғотҳои тунд алайҳи онҳо истифода мекунананд, вале ки кафолат дода метавонад, ки бо чунин ақида ва тафаккури ифроти дар оянда даст ба иқдомҳои дигар намезананд? Албатта инсоне, ки чунин тафаккур дорад рузе агар барояш камтарин шароит пайдо шавад куштани чунин кофиронро ҷиҳод ва амали савоб медонад. Хатари ин масъала хеле ҷидди мебошад!
Тавре дар боло зикр гардид, гуруҳҳои салафи-хавориҷ агарчи даъвои пайравӣ аз салафи солеҳро доранд, вале аз чарху таъни онҳо ҳеч кас дар амон намондааст. Мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат, ки ҳамаи уммати ислом бар саҳеҳ ва раҳмат будани онҳо иттифоқ доранд ин гуруҳ онҳоро боъиси заъф ва тафриқа шавии мусалмонҳо ҳисобида, нисбати онҳо суханони носазо мегуянд. Яъне ба ақидаи ин гуруҳ ҳама бояд аз Китобу Суннат пайрави намуда, аз пайравии мазҳаб даст бикашанд.
Барои ин муддаъиёни пайрави Китоб ва Суннат як таваҷҷӯҳи чиддиро, ки дар муқаддимаи тарҷумаи “Мухтасари саҳеҳии Бухорӣ” омадааст ишора мекунем: “Истинботи аҳком аз аҳодиси набави, усул ва кавоъид ва шартҳои хоси худро дорад ва чунин кор аз ашхосе, ки ба марҳилаи пухтагии илми нарасидаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест. Ба ин асос набояд ҳама кас он чиро ки аз зоҳири баъзе аҳодис ба зеҳнаш хатар мекунад, ҳукми шаръи қарор дода ва ҳамон гуна ба он амал намояд.
Ассистенти кафедраи математикаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
Раҳмонова М.А.