Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ва хаммаслакони вай, бо кадом намгуе, ки амал кунанд ҳам ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагон буда ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури милли мардуми Тоҷикистон, бархам задани истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.
Боздошти ин шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷи тамриноти динию низоми ва диверсиони гирифта, усулҳои таблиғу ташвиҷ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хамҷавор корхо намудаан.
Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳоли, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузори намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силох, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ махз аз ҷониби ин кишвари бо ном “Дӯст” анҷом дода шудааст.
Хориҷиён барои таълиму тарбияи низомию дини ва идеологии хар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон ва ё аз кишварҳои дигар ба кишвари “дӯст” сафарбар мешаванд, хароҷоти зиёди молияви намуда, аз макони истикомат, то хурдану пӯшидану лавозимоти таълиму тамриноти низомии онҳоро таъмин намуда илова бар ин барои ҳар як узви дастаҳои террористию низомии худ аз ҳисоби духтарони ҳарамсароҳои маблағгузоронашон ҳамсар низ ихтисос медиҳанд. Ҳадафи аслӣ аз ин ҳама хароҷот танҳо тарбият намудани афроди фармонбардору ғуломсифате мебошад, ки онхо арзиши муқаддасоти худро дар ризоияти хоҷагони охундияшон бидонанд ва хостаҳои онҳоро амалӣ намоянд.
Аслан сиғазодаҳои наҳзати дар ин аҳдофу стратегияи худ борҳо муваффақ низ шудаанд. Аз ҷумла дар солҳои 90 – и қарни гузашта дар сарзамини Тоҷикистон афроди мушаххасеро трабият намуда, маблағгузорӣ кардаанд ва кишвари Тоҷикистонро хостанд ба вартаи нести кашанд. Шахсиятҳои милли ва донишмандони фарҳехтаи кишварро ба қатл расониданд, авзои дохили кишварро ҳассосу ваҳим намуданд ва як миллати воҳиду як давлати якпорчаро ба маҳалҳову гурӯҳову ҳизбу ҳаракатҳо қисмат намуданд. Ғуломзодагони наҳзати ба амри хоҷагонашон амал намуда барои ризоияти мавлоҳои хеш бо хуни ҳаммиллиатони худ таҳорат намуданд.
Аслан барои давлатҳои ба ном “Дӯст” чи зарурат аст, ки дар кишвари дигар ин амалҳои нангину шармоварро роҳандозӣ намоянд? Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷи дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳои кишвар равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратеги расонида гузаштаро чун савҳаи сиёҳи таърих фаромуш намуд. Мутаассифона, зумрае аз кишварҳои ғарб ба мисли ҷумҳурии Лаҳистон ва Олмон солҳои охир ҷонибдори амалҳои зишти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳо гаштаанд ва бо роҳи озодии суханронию амалҳои онҳо шарик гаштаанд.
Таҳлили мантиқии ин муносибатҳо нишон медиҳад, ки ин амалкарди беруна аҳдофи стратеги дошта, ҳадафҳои бузургтаре дар пай доранд. Ташвиқу тарғиботи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳампаймонони он тавассути шабакаҳои интернети проблемаи асосест, ки бо дастгирии давлатҳои ғарб ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда онҳоро ба ҷараёнҳои терросристи сафарбар менамоянд ва ба ҷомеаи имруза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки ба амалҳои сиёсии зидди кишвар омода бошанд.
Абдуллоев Ғ,
дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ