Сафарњои Президент мисли оина ба њама маълум аст

Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хориљи кишвар истода ба сўи Тољикистон санге андозанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ – ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ ва сарпарастони хориҷиашон бархӯрдор бошанд.

Онњоро бухсу њасад ва нотавонбинї чунон зер кардааст, ки њатто аз сафарњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњо ва дигар кишварњо, аз љумла кишварњои Аврупої дилтангу нигарон гардида, њамеша бо бањонањои хушку холї ба мисли он ки гўё Сарвари давлат “тариќи пинњонба кишварњои Аврупої сафар меунанд”, гўё ба “хотири манфиати шахсї мераванд” ва монанди инњо шиорпартої мекунанд. Чунин як шиорпартоии бемантиќу њарисона чанде пеш дар сомонањои беноми ин ташкилоти терористї экстримистї ќабл аз сафари Президент ба Аврупо пайдо гардид. Ин њам дар њолест, ки дар њамон рўзе ки ин хабар пайдо гардид, ки гўё роњбари давлат тариќи пинњонї ба Аврупо сафар мекунанд, Пешвои миллат вакилони Аврупоро дар Душанбе ба њузур пазируфтанд ва бо онњо суњбатњо њам доштанд.

Ин худобехабарони худбохта њиљ гоњ љонибдори Тољикистони азиз набуданду нестанд ва њамеша бо њар роњу восита кўшиш намуданд аз Тољикистон чизеро баранду чизеро аз худ кунанду мардумро ба доми фиреб андозанд. Ин кор ба љое расид, ки мардум аз найрангбозиву фитнаи онњо огоњ гардида ,аз роњбарияти кишвар хост фаъолияти онњоро дар њудуди Тољикистон ќатъ намоянд. Чун њодисаи соли 2015 дараљаи аълои бесарусомонии аъзоён ва роњбарони ин њизби терористї дар замони Истиќлолиият буд. Бо њамовозї ба ќарори ќабулнамудаи Тољикистон дар мавриди терористї эълон намудани ин њизб бархе аз созмонњои байналмилалї низ терористу экстимист будани ЊНИ-ро эътироф намуданд.

Вале то њанўз ин худбохтагони манќурт мехоњанд бо њар роњу восита ба сўи Тољикистон санг зананд ва ё бо маблаѓгузории хољагони хориљиашон бо таъсиси сомонаву гурўњњои махсус дар шабакањои иљтимої номи Тољикистонро доѓдор намоянд.

Ба њамагон маълум аст, ки фаъолияти Роњбари давлат шаффоф буда, њиљ ваќт пинњони ба њиљ мањале ё кишваре сафар намекунанд. Вактњои охир сафарњои роњбари давлат ба минтаќањои Тољикистон ва рўњияи идонаи мардум гувоњи ин гуфтањост. Ё ин ки ширкат дар фаормуњои байналмилалї, минбарњои бузурги љањонї, ки ќариб њар сол чандин маротиба роњбари тољикон дар ин минбарњои баланд на танњо баромад, балки пешнињодњои муфид њам барои љомеаи љањонї мекунанд, ки њамеша ќобили ќабул дониста мешавад, мисоли ин гуфтањост. Ташаббусњои Тољикистон дар мавриди эълон гардадани “Солњои оби тоза” ва “Об барои рушди устувор” аз мисолњои рўшани он мебошад.

Њамчунин, тавре ба њамагон маълум аст, дар љараёни њар як сафари хеш Президенти кишвар бо як шодмонї ва хушњолї ба кишвар бармегарданд, чун аниќ аст, ки њар як сафар дар пай имзои созишномаву ќарорњои нави њамкорї ва густариши њамкорињои наву созандаро дар бар мегирад. Њар боре ки роњбари давлат ба як кишвар сафар мекунад, садњо созишномаву ќарорињои нав дар мавриди рушди соњањои мухталифи Тољикистон имзо ва амалї мешавад. Баъди ин сафар њамоно ин кишварњо ба Тољикистон сармоягузорї мекунанд ва њамкории густурдаи худро ба роњ мемонанд.

Мантиќан низ њиљ наметавон гуфт, ки роњбари як кишвар пинњонӣ ба як давлати дигар сафар кунад. Ин сафари як одами оддї нест, ки пинњонї сурат гирад. Њамаи он аз рўи протокол ва расмиёт аст, ки пештар мувофиќа мешавад.

Роњбарон ва аъзоёни ташкилоти терористї ва экстрмитсии нањзат, ки худ њамеша пинњони ба кишварњое, ки хољагонашон ба сар мебаранд, сафар мекунанду бо халтањои пури маблаѓњои њароми хољагонашон баргашта бар зидди Тољикистон сангпартої мекунанд, фикр мекунанд, роњбари як давлат низ њамин гуна пиннњонї сафар мекунад. Вале ин тавр нест. Роњбари давлат њиљ гоњ пинњонї ба як кишвари дигар мисли шумо-нањзатињо сафар нахоњад кард ва њар сафари Пешвои миллат мисли оина ба тамоми мардуми Тољикистон ва љањон маълум аст. Ва њар як сафари роњбари давлат дар пай навигариву њамкории густурдаро дар пай дорад.

Ёралии Набӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *