Рўзи иттилоотии ЭРАСМУС

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ суръати раванди байналмилалигародниро дар донишкада афзуда истодааст. Боиси фахр аст, ки соли хониши гузашта 12 нафар донишҷўён мубодилаи байналмилалӣ гузашта, 8 нафари онҳо дар доираи ҳамкории дутарафа бо Донишгоҳи байналмилалии Чечанг, Хитой ва 4 нафари аз онҳо аз рўи барномаи ЭРАСМУС+ (дар Донишгоҳи Кантабрия, Испания ва Донишгоҳи Пиза, Италия) бо маблағгузории пурра ва бурсаи ҳармоҳа барои 5 моҳ мукофотонида шуда буданд.

Соли хониши нав барои шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада мисли соли гузашта бо гузаронидани чорабинии Рўзи иттилоотии ЭРАСМУС оғоз ёфт. Дар ин рўз барои донишҷўён маълумот оид ба лоиҳаҳои нави ЭРАСМУС+ ва дигар имкониятҳои мубодилаи донишҷўён дода шуд. Бо мақсади ҳавасмандӣ ва гирифтани маълумот аз “дастҳои аввал” ғолибони барномаи ЭРАСМУС+ соли гузашта, таҷрибаи худро оиди таҳсил дар Италия ва Испания, эҳсосоти худро дар бораи чӣ гуна аст ҳаёти донишҷўи ЭРАСМУС нақл карданд.

Чи хеле, ки маълум гашт ба ҳамагон имкониятҳои байналмилалӣ гаштани ДИС ДДТТ афзуда истодаанд, дар соли равон лоиҳаҳо дар доираи ЭРАСМУС+ КА107 – Мубодулаи байналмилалии кредитӣ бо Донишгоҳи Кантабрия ва Донишгоҳи Кордобаи Испания, Донишгоҳи Гедики Истанбули Туркия, Донишгоҳи Осиеки Хорватия қабул шудааст.

Мубодилаи байналмилалии кредитӣ, ин танҳо як равияи байналмилалигардонии ДИС ДДТТ буда, робитаҳои байналмилалии донишкада дар дигар самтҳо низ рушд ёфта истодааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *