НАЙРАНГИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИ БО САҲА

Тариқи расонаҳои иттилоотӣ нохалафони миллат, гурўҳҳои ифротӣ ва неруҳои ғаразнок, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, бо истифода аз вазъияти ба амаломада мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват коштан ният доранд. Алалхусус ТТЭ ҲНИ, ки қаблан ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рўпўш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб менамуд ва ниҳоят ба мақсади нопокаш нарасида, имрузҳо тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон ба созмонҳои ҷаҳонӣ, ба мисоли САҲА найрангии навбатиашро идома дода, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод намудан кўшиш намуда истодааст. Мутаассифона, баъзе ташкилотҳои сатҳи байналмилалӣ  ба найрангии навбатии ТТЭ ҲНИ фирефта шуда, пуштибонӣ карда истодааст.Таҳлилҳо собит менамояд,ки дар ҳақиқат Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар думболи пуштибонии ифротиёну террористон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Воқеан тамоми кишварҳои дунё аз фаъолияти имрўзаи САҲА бохабар шудаанд, ки дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмонӣ, алалхусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асосӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода ба ин ҳолат имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ- Паймони миллатфурўшон М. Кабирӣ дар хориҷи мамлакат бо пуштибонии намояндаи САҲА сўҳбату вохўриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати худ машғул аст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки баъди баргузории конфронси қаблии САҲА тариқи васоити ахбори умум як зумра маводҳои асоснок бо шарҳу эзоҳ нашр гардидаанд. Аз ин далелҳо ёдовар шуда, қайд кардан зарур аст, ки аз 57 давлати аъзои САҲА  13 кишвар, инчунин ба сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ ҲНИ-ро ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Илова бар ин, дар баробари «Ал-Қоида», ДИИШ, ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо ТТЭ ҲНИ низ таҳти рақами №79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ дохил карда, фаъолияташ дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ карда шудааст. Новобаста аз ин шарҳу далелҳо дар конфронси қаблии САҲА фаъолони ТТЭ ҲНИ сабти ном шуда, иштирок кард. Имрўзҳо кўшиш дорад, ки боз найрангии навбатиашро истифода бурда дар чорабинии навбатии САҲА ширкат варзад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки пештар дар чорабиниҳои САҲА иштирокчиён, аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ гузашта, номнавис мешуданд.Сипас номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Ҳоло вазъ дар САҲА ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Яъне САҲА бар асоси принсипи «Шаҳри бедарвоза» фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ҳар хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷинояткор имконияти иштирок ва ҳатто аз ин минбари байналмилалӣ суханронӣ карданро дорад.

Ин гуна мисолҳо оид ба фаъолияти САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва манотиқи даргир маълуманд. Чунончӣ, чанде пеш намояндагиҳои САҲА дар қаламрави Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ тамоман баста шуданд, зеро роҳбарияти онҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишварҳои худ намебинанд ва намехоҳанд, ки намояндагони «мустақил»-ро дар худ навозиш диҳанд. Бо баробари ин фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳдуд гардида, идораҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Рашт ва Шаҳритус баста шуданд. Ҳамзамон, то ба ҳол ба САҲА ҳуқуқ дода шудааст, ки якчанд лоиҳаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида намояндагони САҲА бояд дар хотир дошта бошанд, ки фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин нукта муҳим аст, ки то тавонанд санъати бо ҷомеаи ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзанд. Қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона”дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шаванд. Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест. Воқеияти имрўза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгаройӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

  Мамадҷонов Ф.С.,

котиби Шўрои олимони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *