Дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: роҳҳои татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот” бо ибтикори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки дар конференсияи имрӯзаи мо муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва донишмандону олимони варзидаи соҳаи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳузур доранд. Ҳадафи асосии ташкили конференсия мусоидат ба татбиқи амалии ташаббуси наҷиби аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, коркарди пешниҳоду тавсияҳои хусусияти илмӣ дошта барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ба шумор меравад. Дар замони муосир талабот ба нерӯи ақлӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти хоса пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар умуман дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баргузории конференсияи мазкурро саривақтӣ дониста, паёму таманниёти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барномаву ҳадаф ва самтҳои асосии меҳварии фаъолияти аҳли зиёи кишварро дақиқу мушаххас намуда, махсус иброз доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии худ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ саъю талош намояд.
Дар идомаи конференсия суханронии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ манзур гардонида шуд, ки мавсуф ибтикороти донишкадаро дар баргузории чунин як ҳамоиш бо ширкати олимону донишмандони кишвар муҳим арзёбӣ карда, аз нақш ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ёдовар гардид.
Барои таъмини саноатикунонии кишвар, рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, пеш аз ҳама ба соҳаи илмҳои дақиқ афзалият дода мешавад. Доир ба нозукиҳои тайёр намудани кадрҳои соҳаи илмҳои дақиқ маърӯзаи директори маркази илмии Академияи миллии илмҳои дақиқ, номзади илмҳои физикаву математика Мақсудӣ Анвар Темурзода дар мавзӯи “Внедрение профессиональных стандартов – основной фактор повышения качества подготовки специалистов в области точных и инженерных наук” шунида шуд.
Вобаста ба натиҷаҳои татбиқи дастовардҳои илмиву инноватсионӣ дар мавзуи “Татбиқи дастовардҳои илмиву инноватсионӣ – омили таъмини самаранокии корхонаҳои истеҳсолӣ” соҳибкор, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Илҳом Сангин маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Мудири шуъбаи биология ва генетикаи Маркази илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Мирзонабӣ Неъматов оид ба масъалаи “Асосоҳои генетикӣ ва селексионии системаи афзоиши пахта”, роҳбари ҶДММ “ТИНИАЛ”, номзади илмҳои техникӣ Зафар Охунов дар мавзӯи “Шаклҳои самараноки конструксияҳои болопӯши фулузӣ” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Далерҷон Мирпочоев оид ба “Иқтидори илмӣ-технологӣ чун омили рушди раванди саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Баъди шунидани маърӯзаҳо байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қабул ва амалӣ намудани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши неруи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки конференсия дар панҷ бахш идома ёфта, беш аз 120 мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқон аз аксари донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои кишвар ворид гардида, онҳо дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳанд расид.