Ҷамъбасти озмуни навиштани ЭССЕ дар мавзӯи  “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо”

Бо мақсади ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар ДИС ДДТТ «Рӯзи дарҳои кушод» ва ҷамъбасти озмуни навиштани эссе дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо” баргузор гардид.

Хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ ба вазъи таълиму тарбия ва шароити таҳсил ба донишкада ташриф оварда, дар «Рӯзи дарҳои кушод» фаъолона иштирок намуданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» шинос карда, дар бораи дастоварду комёбиҳо, омода кардани мутахассисони варзида, вазъи моддию техникӣ, робитаҳои байналмилалӣ, таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ маълумоти муфассал дод. Хатмкунандагон ба дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишкада шинос гардиданд ва ба онҳо варақаҳои иттилотӣ тақдим карда шуд.

Зимни мулоқот бо хатмкунандагон ғолибони озмуни навиштани эссе дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо” муайян гардиданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби Ҳафизова Мавзуна, хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии мактаби хонандагони болаёқат гардид, ки  бо ноутбук сарфароз гардонида шуд.

Мақоми дуюмро Имомназаров Аслам, хонандаи синфи 11, МТМУ №2, аз ноҳияи Ашт мушарраф гашта, бо планшет қадрдонӣ гардид.

Ҷойи сеюм насиби Каримов Нурмуҳаммад, хонандаи синфи 11, МТМУ №23, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гашт, ки бо  телефони мобилӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин Қурбонов Ҷаҳонгир, хонандаи синфи 11, МТМУ №14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби тӯҳфаи хотиравии раёсати донишкада гардид.

Дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба ғолибон туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, ба онҳо дар таҳсили минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *