Ростиро завол нест

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси  Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд, ки «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.
Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.
Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид»

Чунин  андешаронии  сарвари  давлат  бори  дигар  далели он  аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил  ёфта, тақдири  ҳар як фарди кишвар чун масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. Дар  замони муосир вақте, ки  фазои  иттилоотӣ ва тарғиботии Ғарбу Шарқ омехта шуда, барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасон дар  набарданд, метавон далели равшани онро дар иштироки бархе аз ҷавонони ноогоҳу зудбовар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дид. Барои волидайн, аҳли омўзгорону донишмандони соҳаи сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ  андешидани  чораҳои  зарурӣ  ва  бетаъхир  лозим  аст, ки  сари вақт  пеши  роҳи   чунин роҳгумзадагии ҷавонон гирифта шавад.

Дар ин ҳошия таҳлили маъалаи таносуби дин ва сиёсат низ муҳим арзёбӣ карда мешавад. Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин ҳама вақт дар як сатҳ қарор надошт ва надорад. Онҳо чун шаклҳои шуури ҷамъиятӣ тамоми тағйиротҳои сифатии инкишофи ҷомеаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатҳои байнҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисаҳо ва воқеоти чамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои куллиро ворид месозанд.

          Дар боби 2-юми моддаи 26- и Сарқонуни кишвар омадаст. ки ҳар як кас ҳақ, дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динерo пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳoи динӣ иштирок намояд.

        Алхол, нақши дин ва иттиходияҳои диниро дар пешрафти ҷомеаи муосир ба назар гирифта, ҳокимияти сиёсии кишвар сиёсати самаранокро нисбати онҳо роҳандозӣ намуда истодааст. Дар мамлакат шароити мусоиди амал намудани иттиҳодияҳои динӣ ва воқеӣ гардонидани фаъолияти гуногунҷабҳаҳои динӣ муҳайё аст. Ходимон ва иттиҳодияҳои динӣ метавонанд, ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти динӣ аз воситахои гуногуни коммуникатсионии давлатӣ ва ҷамъиятӣ истифода намоянд.

Дар мамлакат соли 1994 қонун «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва иловаҳо аз таърихи 12 – майи соли 2001 қабул гардидаанд. Он ҳамаи талаботҳои ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ: «Эъломияи умумиҳуқуқии башар» – и СММ аз 10 декабри соли 1948; «Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» аз 16 – уми декабри соли 1966 ва ғайраҳоро оид ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод ба инобат гирифтааст.

         Қонуни мазкур вобаста ба шароити мушаххаси Тоҷикистон имкониятҳои озодона ба амал баровардани озодии виҷдон, дин, эътиқодро асоси ҳуқуқӣ мебахшад. Муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, ҷамоатҳо ва мазҳабҳои диниро танзим менамояд.

        Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои мусбии тагйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд,  мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд.

         Аммо мутаасифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъгаштаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нодида мегиранд. Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ дар байни диндорон мекунанд, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андозанд.

         Мусалмон ва ходимони динӣ дар кишвари мо метавонанд фаолияти худро бе мамоният дар доираи иттиҳодияҳои динӣ, Шўрои уламо, Иттифоқҳои бузурги динӣ ба монанди Созмони Конфренсияи исломӣ, Лигаи олами исломӣ ва ғайраҳо роҳандозӣ намоянд.

        Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад муносибати байни давлатҳоро ба пояи нав барорад. Инро мо метавон дар мисоли фаъолияти пурсамари Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дид, ки мавсуф дар Маккаи Мукаррама ва чандин анҷуману конференсияҳои байналмиллалии роҷеъ ба ислом аз номи дини мубини Ислом  баромад намуда, онро ҳимоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии ҳарчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст.

         Иттиходияҳои динии кишвар бояд бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофӣ  бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръон ва ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам ба дигарон намунаи ибрат бошанд.      Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро, аз асоси илми усул, таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегарданд.

           Чунончӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни баромади худ зикр доштанд «масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият.бахшанд»
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

13 Комментариев для “Ростиро завол нест”

  1. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.

  2. Аммо мутаасифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъгаштаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нодида мегиранд. Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ дар байни диндорон мекунанд, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андозанд.

  3. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Дар хакикат солхои вазнину душворро паси сар карданд точикон. Мо бояд ба кадри сулху осоиш ва ободии ватан бирасем ва тафрикаву чудоиандозихоро як тараф гузорем.

  4. Бирав зи тачрибаи рузгор бахра бигир,
    Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд. Бехтарин панди устоди шоирони олам Абуабдуллохи Рудаки, ки моро насихат мекунанд, ки аз тачрибаи рузгор бахра бардорем то газанде ба зиндагиамон нарасад.

    1. Бале дуруст гуфтед устоди арчманд:
      Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,
      Низ н-омузад зи хеч омузгор!

  5. Чи тавре, ки ходисахои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Хизби нахзати исломии Точикистон ва сарварии он хамчун пуштибони молиявии гурўхи террористии Хочи Халим Назарзода баромад намуданд. Терроризму экстремизм барои миллати точик бегона аст.

  6. Ман ба гуфтаҳои муаллиф розӣ ҳастам.

  7. Ин ба ҷудошавии миллат мусоидат менамояд.

  8. ҲНИТ бо ғояи бегонаи худ бар зидди сиёсати давлат баромад намуд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо дунявӣ аст. Ҳеҷ кадом ғояи бегона наметавонад ба мардуми мо пешниҳод гардад. Мо танҳо як ғоя дорем, ки номаш Ваҳдат аст.

  9. Дар мақола дуруст қайд шудааст,ки махсади фаъолияти ҲНИТ ташаккул додани низоӣ миллӣ мебошад ба халал расонидан ба амният ва сиёсати ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Халқи ҶТ ба ХНИТ эҳтиёҷ надорад ва Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ-ро оид ба манъи фаъолияти он пурра дастгирӣ менамояд.

  10. Дар мақола паҳлӯҳои нозуки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ бо нишон додани мисолҳои конкретии ҳаёти рӯзмарра дарҷ гардидаанд. Дар ҳақиқат ҲНИТ дар фаъолияти худ масъалаҳои марбут ба ҳуввияти миллиро нодида гирифта, ҳатто ба принсипҳои демократия ва давлати дунявӣ муқобил баромад кардааст, ки ҷомеаи мо албатта онро қабул надорад.

  11. ҲНИТ дар тамоми давраи фаъолияти худ ҳамон як андеша: исломӣ кардани давлати тоҷиконро дошт. Раванди таърихии 100-солаи охирро ба назар гирем, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аъзоёни ҲНИТ ҳамон “ҳаракати босмачигарӣ”-ро мемонанд, ки чӣ касофатиҳое ба сари мардуми оддии мамлакат оварда буданд. Дар ҳақиқат, ин ҳизб ба ҳуввияти миллат хатар меоварад!

    1. Аз таърих зиёд хондем дар бораи харакати босмачигари.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *