Соли хониши нав бо баимзорасии 6 созишномаи ҳамкорӣ (меморандум) байни Донишгоҳи Лауреа (Финляндия), Донишгоҳи миллии политехникии (Сиан, Хитой), Донишгоҳи аграрӣ ва ҷангал (Янлинг, Хитой), Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд оғоз ёфт.
Ҳангоми вохӯрии иштирокчиён аз донишгоҳҳои номбурда, ки аъзои консорсиуми лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Хитой” (UNICAC) – барномаи ЭРАСМУС+ мебошанд, имконияти ба имзо расидани ин созишномаҳои ҳамкорӣ дар ДИС ДДТТ пайдо гардид.
Лоиҳаи номбурда барои вусъат додани раванди байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ ва ба по мондани ҳамкориҳои донишгоҳҳо дар Осиёи Миёна бо Хитой мебошад. Яке аз қисматҳои асосии лоиҳа ин баланд бардоштани малакаҳои касбии кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ буда, бо ин мақсад гузаронидани якчанд тренингҳо аз тарафи ҳамкорони Аврупоӣ пешбинӣ гардида буд.
Модули аввалини тренинг аз тарафи Донишгоҳи Лауреаи Финляндия омода шуда, санаҳои 16-20 сентябри соли 2019 дар ДИС ДДТТ баргузор гардид. ДИС ДДТТ ҳамчун мизбон дар ташкили тренинг мусоидат намуда, чорабиниҳои фарҳангии гуногуни бошукуҳро дар сатҳи баланд ташкил кард. Вохӯрии мазкур аввалин чорабинӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Хитой буда, баъд аз оғози лоиҳа дар Донишгоҳи Севиляи Испания дуюмин чорабинии лоиҳаи мазкур мебошад.
Мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Лауреа хонум Аря Маякулма ҳамоҳангсоҳи лоиҳаи UNICAC аз донишгоҳи номбурда хонум Минту Рати бо ҳамроҳи ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC дар ДИС ДДТТ, Мухторов С.С. қисмати ташкилии тренингро дар мавзӯи “Созишномаҳои байналмилалии ҳамкорӣ, шабака ва имкониятҳои маблағгузорӣ” (International Cooperation Agreements and Networks and Funding Opportunities) омода намуданд.
Рӯзи аввали тренинг бо сухани ифтитоҳии директори ДИС ДДТТ н.и.и., достент Олимӣ Рауф Латифзода оғоз шуд. Муҳтарам Олимӣ Рауф Латифзода ҳамаи иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, омодагии донишкадаро барои ҳамагуна робитаҳои ҳамкорӣ изҳор намуд. Қайд карда шуд, ки масъалаҳои байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ яке аз қисматҳои асосии нақшаи стратегии рушди донишкада ба ҳисоб меравад.
Ҷонишини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иномҷон Аминов оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада ва лоиҳаҳои байналмилалӣ маълумот дод. Ҳамоҳангсозӣ барномаи ЭРАСМУС дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова дар сухани худ дар бораи мазмун ва мантиқи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Хитой” (UNICAC) фикри худро баён карда, қайд намуд, ки натиҷаҳои лоиҳа барои донишгоҳҳо муҳим мебошанд.
Рӯзи якум иштирокчиён ҳамкоронро перомуни Донишгоҳҳои худ муаррифӣ намуда, ба онҳо маълумоти мухтасар оиди фаъолияти байналмилалӣ, лоиҳаҳои асосии амалигашта ва самтҳои стратегии рушди ҳамкорӣ пешкаш намуданд.
Рӯзи 2-ми тренинг бо сӯҳбати ҳамкорон оиди мавзӯи “Вазифаҳои байналмилагардонидан дар таҳсилоти олӣ” дар мубоҳисаҳо гузашт.
Дар рузи 3-юм барои бунёди шарикӣ ва шабакаҳо гуфтушунид оид ба шиносоӣ бо омодагӣ, идоракунӣ ва назорати татбиқи қарордодҳои донишгоҳ бо шарикони хориҷӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 4-ум таҷрибаи ДИС ДДТТ- ро мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаи UNICAC дар ДИС ДДТТ Мухторов С.С. оид ба дарёфти грантҳо, аз он ҷумла дар мисоли лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Дар давоми руз Минту Рати семинари амалӣ доир ба идораи лоиҳа, бурдани ҳисобот, ҳисоботҳои молиявӣ гузаронид.
Ба ҳамаи иштирокчиёни тренинг сертификатҳо супорида шуданд ва ҳамчун марҳилаи ниҳоии консорсиуми “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Хитой” (UNICAC) меморандумҳо байни Донишкадаи иктисод ва савдои донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва донишгоҳҳои шарик: Донишгоҳи Лауреа (Финляндия), Донишгоҳи миллии политехникӣ (Сиан, Хитой), Донишгоҳи аграрӣ ва ҷангал (Янлинг, Хитой), Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд имзо карда шуданд.