Роғун – нури ҳидоят ба фардои саодат!!

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои  сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Баробари ин, дар солҳои сипаришудаи Истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем ва пеш аз ҳама маҳз ба устуворию матонат, шуҷоату далерӣ, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан бо роҳбарии хирадмандонаи сарвари муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ба дигар, бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орем ва тавонем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавхар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медихад, таъмин намоем.

Кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар зарфи бисту хафт сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар радифи дигар ҳадафҳои стратегӣ ба монанди аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ чун яке аз ҳадафҳои муҳими давлатӣ муайян кардем.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ, соли 2017-ум 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Ба кор оғоз намудани ин иншооти бузурги аср имкон медиҳад, ки се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон, ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат ҳамаи ин иқтидорҳои нави нерўи барқро тақозо менамоянд. Аз ин лиҳоҳ ба фаъолият шурўъ намудан ва тавлиди аввалин неруи барқ дар ин иншооти зодаи Истиқлолият барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда дар самти таъмини барқ мусоидат менамояд.

Илова бар ин, ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст. Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем.

Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳем. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Вазифаи мо омўзгорон бар ивази ин ғамхориҳои пайвастаи роҳбари давлат ва ҳукумати мамлакат мебояд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи  ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин диққати наврасон, хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоем, кори маҳфилҳо ва техникҳои ҷавонро ҷоннок намоем.

Мо вазифадорем, ки фаъолияти худро доир ба фаҳмонидани арзишҳои истиқлолият, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва онҳоро  амалӣ намоем.

Мудири кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ, дотсент,
Фаррух Турсунов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *