Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кўҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст,ки аз ин неъмати Худованд бояд оќилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанўз солҳои 70- уми асри гузашта шурўъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани нерўгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст. Роғун моро муттаҳид месозад:
Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.
Ду сол муқаддам, 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин- булдозер дар зарфи якуним соат бо сангу шағал маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ининшооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.
НБО «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО «Роғун» аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқдоштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Бо дахли аҳамияти НБО «Роғун» сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа бунёди НБО «Роғун» аз аҳамияти бузург бархӯрдор буда, иқтидори солонаи он бештар аз 18 миллион кВт соат неруи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 чархаи НБО «Роғун» Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои минтақаро бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд. Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18 ҳазор нафар коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бархе аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд.
Намояндаи масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки сохтмони НБО «Роғун» таҳти назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. То ҷое мусаллам аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз маҳали сохтмони ин иншооти муҳими стратегӣ боздид намуда, тавре дар боло зикр намудем, ҳатто дар сохтмони сарбанди НБО «Роғун» моҳи октябри соли 2016 иштирок намуда буданд.
Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли равон бештар аз 100 мегаватт неруи барқ истеҳсол мекунад. Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин намояд ва ҳам ба кишварҳои хориҷӣ барқ содир созад, зеро бисёре аз кишварҳои минтақа ба бунёди НБО «Роғун» таваҷҷуҳ доранд.
Инчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитии НБО «Роғун» гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО «Роғун» мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Яке аз ширкатҳои бонуфузи Италия «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) ба сохтмони ин неругоҳ машғул аст ва роҳбарияти ин ширкат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл додааст, ки чархаи аввали НБО «Роғун» моҳи ноябри соли равон ба истифода дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Интизор меравад, ки солҳои оянда ин ҷуғрофиё фарох гардад, чунки як қисмати Эрон, Покистон, Чин ва ҳатто Қирғизистон ба барқ эҳтиёҷ доранд. Махсусан дар қисмати ғарбии Чин, ки дар он ҷо бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона ҳудуди 1,5 миллиард кВт-соат ба кишварҳои хориҷӣ неруи барқ содир менамояд.
Таъмини аҳолии кишвар бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, соли 2016 маҳдудияти неруи барқ дар мамлакат аз байн бардошта шуд. Инчунин дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Ин омор дар қиёс ба соли 2015 се маротиба зиёд аст.
Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлидоти барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди ду ҳазор кВт-соатро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда соли 2030 чор баробар афзуда, ба чор ҳазор кВт-соат баробар мегардад. Он имконият медиҳад, ки таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардида, таъминоти корхонаҳои саноатии кишвар бо неруи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам пойтахт дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Инчунин имконият фароҳам меояд, ки корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ташкил карда шаванд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми бузург хоҳанд гузошт.
Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» амалӣ мегардад. «CASA-1000» лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мешавад ва дар ин самт созишнома ба имзо расонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард кВт-соат неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содирот карда шавад, ки аз он 3 миллиард кВт-соат ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Қирғизистон рост меояд.
Лоиҳаи «CASA -1000»-ро беш аз даҳ кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Бо татбиқи лоиҳаи мазкур ва дар робита ба эътидол омадани авзои сиёсии Афғонистон дар минтақа як бозори бузурги минтақавии фурӯши неруи барқ ба вуҷуд меояд, ки он ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам Осиёи Ҷанубиро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам содироти неруи барқ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо неруи барқ дар неругоҳҳои барқӣ –обӣ тавлид мешавад, ки хеле арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза аст. Дар дигар кишварҳо барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мегардад. 98 фоизи неруи барқ дар кишвари мо дар неругоҳҳои барқӣ – обӣ тавлид мешавад, ки он муҳити зистро ифлос ва ҳароратро гарм намекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар зарфи солҳои охир дар кишвари мо ва умуман дар сайёра раванди обшавии пиряхҳо ба назар мерасад. Ин масъала дар Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҳам дар ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» таъкид гардидааст, ки дар доираи он чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, бунёди НБО ва бештар тавлид кардани неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза.
Дар маҷмӯъ, бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, чархаи нахустини ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли равон, агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешаванд.
Дар ин росто, кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро дар оянда аз он баҳра мебинанд. Бо сохтмони НБО «Роғун» об захира гардида, барои обёрии бахши кишоварзӣ, танзими об ва таъминоти неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҳамсоякишварҳо ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозад. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин иншооти стратегӣ – НБО «Роғун»-ро ҷабҳаи созандагӣ ба хотири ободӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар ин иншооти бузург барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат ба он тавъам аст.
Оре, роғунро бояд созем. Дар канор будани ҳар яки мо аз руйи виҷдону имон нест.Ватандорӣ аз имон аст ва имрўзи ватандории мо фаро расидааст.