Раҳматов Баҳромҷон Баротҷонович

Раҳматов Баҳром 13 январи соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1988 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 1998 бомуваффақият хатм кард. Соли 1998 баъди хатми мактаби миёна ба шӯъбаи Хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ аз рӯи ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ» дохил шуда, соли 2003 аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-бозраси андоз бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 2003 ба шӯъбаи Хуҷандии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба кафедраи андоз ва андозбандӣ ҳамчун ассистент фаъолияти меҳнатиашро оғоз кард. Аз соли 2005-2010 ба вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбия дар шӯъбаи Хуҷандии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият кард. Аз соли 2004 то инҷониб аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.     Соли 2010 ба таври гузариш ба ҳайси муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор қабул шуда, аз моҳи сентябри ҳамин сол то ин ҷониб дар кафедраи молия ва қарз фаъолияти пурсамар дорад. Соли 2011 ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд дар мавзӯи «Характери фискалии андозҳо дар иқтисодиёти миллии Тоҷкикистон» ҳимоя кард. Дар давоми фаъолияти педагогиаш аз фанҳои «Андоз ва андозбандӣ», «Назарияи андоз ва андозбандӣ» ва «Системаи андози мамлакатҳои хориҷа» дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона дарсҳои лексионӣ ва амалӣ хондааст. Оиди фанҳои номбаршуда барномаҳои корӣ, силлабусҳо, маводҳои таълимӣ методӣ, тестҳо ва масъалаҳо тартиб додааст. Дар конфронсҳои дохилӣ донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳо иштирок намуда, муаллифи 16 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 7 мақолаи ВАК ва 11 дастурҳои таълимӣ – методӣ мебошад, инчунин аз фанни «Андоз ва андозбандӣ» маҷмӯи таълимӣ-методӣ, ки Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудааст. Оиладор соҳиби чор фарзанд.

 

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМИИ “АНДОЗ ВА АНДОЗБАНДӢ”

Омӯзиш ва азхудкунии андоз ва низоми андоз аз давраи пайдоши давлатҳо оғоз ёфтаанд. Маҳз ба воситаи маблағҳои андоз давлат имконияти сари вақт ва пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худро пайдо менамояд. Аз давраи қадим то давраи муосир масоили андоз яке аз масъалаҳои асосии ҳукуматдорон арзёбӣ карда мешавад. Ҳукуматдорон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки воридоти саривақтии даромадҳои андозиро ба қисми даромади буҷети мамлакат таъмин намоянд. Дар ин ҷода онҳо аҳамияти хосаи худро, пеш аз ҳама, ба сиёсати андоз равона менамоянд. Барои он ки дар раванди қабул намудани чораҳои махсус метавон пайдарпайии воридоти маблағҳои андозиро таъмин намуд, Ҳукумати мамлакат барои сайқал додани низоми андози муосири худ доимо таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳонро оиди ташкил ва самаранок идора намудани низоми андоз азхуд менамояд. Баъд вобаста аз тамаддуни вазъ ва идоракунии иқтисодиёт низоми миллии андоз ташаккул ёфта истодааст. Баҳри устувор намудани рушди иқтисодиёти мамлакат ва афзун гардонидани ҳавасмандии субъектони хоҷагидор дар низоми андози амалкунанда ислоҳотҳои андозӣ алалхусус тағйироту иловаҳо ворид шуда истодаанд. Бобати масъалаи дар боло зикргардида аз ҷониби олимони иқтисодчии ватанӣ баҳри беҳтар намудани вазъи андозбандӣ бештар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.

Дар маҷмааи таълимӣ-методии мазкур масоили назариявию амалии таснифоти андоз, низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои хоси он гирд оварда шудааанд. Инчунин, дар маҷмааи мазкур ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои андозсупорандагон, кормандони мақомоти андоз ва доир ба ҳар намуди андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мухтасар, тарзи ҳисобу китоби он, тарзи пурра намудан ва пешниҳод гардондани ҳисоботҳо ва эъломияҳои андоз пешкаш гардидаанд.

Мавзӯъҳои маҷмааи таълимӣ-методии мазкур бо назардошти соатҳои барномаи таълимӣ аз фанни андоз ва андозбандӣ барои низоми кредитии таҳсилот дар шакли мухтасар пешниҳод шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *