“Иқтисодшинос” маҳфили илмии донишҷӯён

Мувофиқи нақшаи маҳфили доимоамалкунандаи донишҷӯёни кафедраи назарияи иқтисод санаи 28.10.2021 дар толори лексионии №1 бинои таълимии сеюм маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Иқтисодшинос” баргузор гардид.
Дар кори он мутахассиси пешбари маркази илмӣ – тадқиқотии донишкада доктори илмҳои иқтисод, профессори кафедраи назарияи иқтисод Азимов Ҷ.А, мудири кафедраи назарияи иқтисод н.и.и. дотсент Бобоев Ғ.Ғ, мудири шӯъбаи илм ва инноватсияи донишкада н.и.ф. дотсент Камолов Ф. ва аъзоёни маҳфил иштирок карданд.
Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи назарияи иқтисод Бобоев Ғ.Ғ баромад намуда, ҳамагонро бо рӯзномаи он шинос карда рафти кори маҳфилро роҳбарӣ намуданд. Сухан ба д.и.и, профессор Азимов А.Ҷ. дода шуд. Он кас ҳамчун мутахассиси пешбари маркази илмӣ – тадқиқотии донишкада дар бораи ҷалби ҳаматарафаи донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар оянда мо бояд мутахассисони ба бозори меҳнат мувофиқ тарбия намоем ва ба онҳоро дар роҳи илм ҳидоят намоем.

Дар кори маҳфил маърӯзаҳои илмии донишҷӯи курси якуми ихтисоси 24.01.01 “Ҳуқуқи иқтисодӣ” Эргашева Аниса дар мавзӯи “Вазифаҳои иқтисодии давлат дар шароити иқтисоди бозоргонӣ” ва донишҷӯи дигари ҳамин ихтисос Ҷумаъев Камол дар мавзӯи “Низоми асъории хоҷагии ҷаҳонии муосир” шунида шуд. Дар атрофи ин мавзӯъҳо баҳсу мунозираҳо пайвастанд. Дар ҷараёни рафти маҳфил фаъолнокии донишҷӯён ва устодон ба назар расид. Маҳфил бо саволу ҷавоби донишҷӯён ва иштирокдорони он ба кори худ анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *