Мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба Муҳаммадииқболи Садриддин, аъзои фаъоли паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли” дар асл ҳамон аъзоёни ҲНИ мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем.
Пӯшида нест, ки имрӯз бештари аъзоёни “Паймони милли..” бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус сомонаи “Исолҳ.нет (Ислоҳ ТV)” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ровигии М.Садриддин ва бо ҷалби шогирдону пайравони наҳзат баромадҳои ифротӣ менамояд, назарсанҷӣ карда, маҳкум намуда будем.
Бояд қайд кард, ки ин навбат М.Садриддин ва пайравону шогирдонаш бо ному лақабҳои худсохта, аз ҷумла афроде бо номи Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев, Фаррух Шарипов, Шоҳину Ҷонсон, ”Муҳоҷир” санаи 20-уми марти соли равон дар барномаи зикршуда, баромадҳои ифротӣ намуданд, андешаронӣ менамоем ва сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Бояд қайд кард, ки М. Садриддин зимни баромади навбатиашон бо афроди дар боло зикршуда нисбат ба роҳбарияти олии кишвар лофзанӣ намуда, мардуми кишварро тахқир карданд. Аз ҷумла, М.Тағоев бо суханҳои қабеҳ иғвоангезӣ карда, мардуми кишварро ба гирдиҳамоӣ даъват кард ва дигаре бо лақаби Ҷонсон, ки овози кӯдакӣ дорад кулли мардуми мамлакатро барои гирдиҳамоӣ набаромадан беасос ғайбату танқид карда, беақл ҳисобид. Аз суханҳои бемантиқу беасоси ин гуруҳаки бадхоҳони миллат хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки ин гуруҳаки ватангадои наҳзатӣ бо ин васила аз хоҷагони худ маблағҳои ҳаромро ба даст оварда, имрӯзҳо дар кишварҳои Аврупо сарсону саргардонанд. Ҳамин аст оқибати бадхоҳони миллат!
Хулоса, аз баромадҳо ва умуман лофзании навбатии М.Садриддин ва шогирдону пайравони «Паймони милли..»-ро ҳар бинандаву шунаванда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин гурӯҳаки бадхоҳи миллат бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагўӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо ин навбат низ баромадҳои М. Садриддин, М.Тағоев ва Ҷонсони кӯдаковозро сахт маломат карда, суханҳои фитнаангезашонро шадидан маҳкум менамоем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.