ПЕШГИРИИ ҶАРАЁНУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ КОРИ ДАСТҶАМЪОНАИ МО АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ  бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон, зери номҳои гуногун, яъне бо “Паймони миллӣ” вале, дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифоротиашон  барои амалисозии ҳадафи нопокашон нисбати кишари мо хиёнатомез, бо навбат бо думравонашон, ба мисоли “Гуруҳи 24” баромад менамоянд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Имрӯзҳо ин бадандешон дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифтаанд. Ба роҳбарияту аъзоёни имрузаи ТТЭ ҲНИ ва думраваш “Гурӯҳи 24 “суол дода мешавад, ки ин барномаро ӯ барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо?! Ба ин суол посух додан душвор неаст. Яъне амалҳое, ки анҷом медиҳад, хоинона буда, аз рузноманиглрии ноб фарсахҳо дур аст. Хулосабарорӣ намуда, қайд кардан лозим аст, ки имрӯз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва думрапваш “Гурӯҳи 24” ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткорони миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯяд. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  кори дастҷамъонаи мо аст! Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа  нишон диҳем. Ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!

Ф. Қурбонов,

мудири бахши кор бо ҷавонон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *