ТЕРРОРИЗМ -ТАҲДИД БА ҶОМЕЪАИ ҶАҲОНӢ

Мо қаблан зимни мақолаҳои хеш оид ба зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза, ба мисоли  терроризм ва экстремизм ва оид ба  вазъи  кунунии кишвари ҳамсояамон Афғонистон  андешаҳои хешро иброз дошта будем. Ин навбат низ мушоҳидаву таҳлилҳоро дар бораи афзои имрузаи Афғонистон худро қайд менамоем. Бояд ёдовар шуд, ки дар Афғонистон ҳокимиятро њаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ба даст гирифтааст. Ин қазия имрӯз мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Бо гузашти  беш аз як солу шаш, яъне аз моҳи августи соли 2021 тарафдорони ин гурўњ то имрӯз њокимияти худро дар ин мамлакат љорӣ намуда истодаанд. Умуман ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Мутаассифона, имрузҳо дар Афғонистон амалҳои террористӣ бештар ба назар мерасанд. Мо қаблан такя ба васоити ахбори умум аз моҳи августи соли 2021 то соли 2022 нисбат ба амалҳои содиршудаи террористи дар қаламрави Афғонистонро, бо мисолҳои амиқ шарҳ дода будем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки танҳо соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиљаи  таркишҳо асосан  шањри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Қундуз зиёда аз 600 нафар  шаҳрвандон осеб дидаанд. Мутаассифона,соли сипаригарда ва инчунин аз оғози соли нави 2023 низ дар ҳудуди ҳамсоякишвар амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо Давлати исломии Ироқу ШОМ  (ДИИШ ) ба уҳда мегирад. Чунончӣ дар ҳамлаи интиҳории  11-уми  январи соли равон, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон  содир шуд, ки дар натиҷа 21 нафар ба ҳолокат расида, 40 каси дигар захмӣ шудаанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, тайи як моҳи гузашта  ҳамлаи ДИИШ бар маконҳои дипломатӣ дар Кобул, ба қайд гирифта шудаанд. Масалан гурӯҳи мазкур дар наздикии сафоратхонаҳои Русия ва Покистон низ таркиш анҷом дода буд.

Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он далолат медиҳад, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст. Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

К. Калонов,

сармутахассис оид ба

 сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *