ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

Дар партави Паёми Пешвои миллат ва омӯзишу мавриди истифода қарор додани нуктаҳои ҳаётан муҳими он санаи 9-уми январ бо ибтикори шуъбаи тарбия ва фарҳанг дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи илм ва инноватсия дар ДИС ДДТТ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат-қутбнамои сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо мавзуъ ва мақсади он шинос намуд. Дар мизи мудаввар муовини директори Донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У., профессорон Солиҷонов Р., Азимов А., Комарова Г.Б., номзадони илм, дотсентон ва устодон Маҷидов А., Дониёрова М., Бобоев Ф., Маҳмудов М., Бобоҷонова М., мутахассиси ҶСП «Бонки Арванд» Қосимова Г. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар мизи мудаввар вобаста ба мавзуъҳои иқтисодиёти сабз, ташкилу роҳандозии қарзҳои имтиёзнок вобаста ба рушди иқтисодиёти сабз, ҷанбаҳои экологии обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон, масоили таҳкими низоми молия ва ислоҳоти низоми маориф дар шароити иқтисодиёти рақамӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат онҳо муфассал баён гардидаву ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаро дар ин самтҳо тақозо менамоянд, маърузаҳои пурмуҳтаво ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамин тариқ, дар мизи мудаввар д.и.и, профессор Азимов А., устоди кафедраи назарияи иқтисод Маҳмудов М., мутахассиси ҶСП «Бонки Арванд» Қосимова Г., н.и.б., дотсент Дониёрова М., номзадони илм Абдурашидова М, Бобоев Ф. ва муаллима Бобоҷонова М. маъруза намуда, дар музокироти хеле пурмуҳтаво, ки бо саволу ҷавобҳои басо муфиду судманд сурат гирифт, фаъолона иштирок карданд.
Мизи мудаввар бо натиҷагирӣ аз маърузаву музокироти судманд ба кори худ анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *