АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУТТАҲИД ШУДАНИ ҲАМАИ КИШВАРҲОИ ДУНЁРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД!

        Таҳлилҳо собит менамоянд, ки гуруҳи тундрави Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ) , ки соли 2014 дар қаламрави Ироқу Сурия пайдо шуд буд, ҳоло ба далели шикасти сахт дар ҳарду кишвар аз сархати хабарҳо аз байн рафта бошад ҳам,  ҳоло чандин ҳазорҳо ҷангҷӯ, ба гуфтаи коршиносон, ДИИШ шеваи фаъолияти худро дигар карда, ба гуруҳҳои алоҳидаи пайраваш такя мекунад. Имрузҳо аъзоёни ДИИШ натанҳо  дар кишварҳои Аврупо фаъолият доранд, инчунин бештари ҷангҷӯёне, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхтаанд, асосан дар қаламрави Афғонистон фаъолиташро густурда намудаанд. Ин ташкилоти террористию экстремистии зикршуда дар қаламрави Афғонистон бештар амалҳои  терористӣ содир намуда, баробари ин ҳамкориро бо дигар гуруҳҳои ифротӣ  ба роҳ мондааст ва   бо ҳар роҳ ҷавнононро, ки берун аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ  қарор доранд, гумроҳ  намуданаш ба назар мерасад. Бояд ёдовар  шуд, ки солҳои қаблӣ садҳо нафар шаҳрванди мо низ кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, аз ҷумла ба ДИИШ пайвастаанд.  Барои  тасдиқи ин гуфтаҳо мо борҳо мисолҳо оварда будем. Боз мисоли нави навбатиро меорем, ки тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, моҳи январи  соли 2023, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар якҷоягии шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ  дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Аз ин маълумот суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонон даст ба чунин амали паст даст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, худро бадному гумном менамоянд. Бо боварии комил метавон қайд кард,ки аз ин ҳолат, ҳар як фарди солиақл ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъӣ гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд.

М. МАМАДҶОНОВА ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *