Паёми Пешвои миллат роҳнамо ба сўи созандагию ободкориҳост

Дар ДИС ДДТТ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки устодону донишҷўён мулоқоти судманд баргузор гардид. Директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба соҳаи иқтисод ва андоз таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз ҷумла зикр намуданд, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонид. Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерўи инсонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин як омили муҳим дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ арзёбӣ карда мешавад.

Сипас дар ҳузури иштирокчиён доктори илмҳои иқтисод, профессор А. Азимов суханронӣ намуда, аз сафарҳои кории хеш оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ибрози назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва мо бояд муроҷиати идораи Барқи тоҷикро нисбати истифодаи самараноки барқ ба эътибор гирифта, махсусан дар фасли зимистон дар истифодаи неруи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир намоем.

Муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Г. Аҳророва зимни шарҳи Паём ба масъалаҳои дастгирии бонувон, рушди маориф, варзиш ва тарбияи шоистаи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда, зикр намуд, ки дастгирии соҳаи маориф ва илм ҳамеша зери назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Гиромӣ доштани забони модарӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар суханронии Пешвои миллат борҳо  таъкид гардид. Дар баробари омўзиши забонҳои хориҷӣ мо бояд пеш аз ҳама ба омўзиши амиқи забони ноби тоҷикӣ машғул гардем ва шогирдонамонро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем. Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишвар аст, ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ фармудаанд: “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кўшиш ва ғамхорӣ намоем. Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандўст, аз ҷумла, падару модарон, омўзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад”.

Сипас байни иштирокчиён мубодилаи афкор оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.  Бо масъалагузориҳо оид ба тарғиби ҳаматарафаи Паёми Пешвои муаззами миллат дар факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишкада чорабинӣ анҷом ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *