ПАЁМ-РАҲНАМОИ МО ҶАВОНОН!

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад. Инак, соли равон низ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар манзур гардид. Паёми навбатӣ тамоми соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудиҳои онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян намуд.
Дар ибтидои Паём Сарвари давлат дар бораи вазъи давлати навбунёди солҳои 90-ум ёдоварӣ намуданд, ки аз он вазъияти вазнину нохуш ба ин сулҳу ободӣ расидан, хеле ранҷу машаққатҳои гаронеро талаб намудааст. Яке аз иқдоми таърихӣ дар он замон ин наҷот додани давлату ҳукумат ва баргардонидани як миллион гурезаҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Маҳзи ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар буд, ки соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор гирифта, ҷавонон бештару ҷиддитар ба илм, ҳунар ва забономӯзию омӯзиши технологияҳои навин рӯ оварданд. Ҳамзамон дар рафти Паём зикр гардид, ки пояи давлат бо маориф вобастагии қавӣ дорад. Аксар давлатҳои хориҷа аз он ҷумла Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ҳангоми харобию шикасти давлаташон ҳамаи он сармояе, ки доштанд, ба соҳаи маориф харҷ намуданд. Аз ин рӯ он давлатҳо яке аз пурқудраттарин давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Хушбахтона, дар мамлакати мо низ Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо мо ҷавононро ҳамаҷиҳата таъмину дастгирӣ менамояд. Чи хеле ки Сарвари давлат ба мо наврасону ҷавонон бо изҳори боварӣ қайд намуданд, ки давлатро ҷавонон обод месозанд, оянда ин сарзамин дар дасти ҷавонон аст, аз ин рӯ мо ҷавононро месазад, ки роҳи илму донишомӯзӣ, забономӯзӣ ва ҳунармандиро пешаи худ гардонем. Сарвари давлат мо ҷавононро асосан ба омӯзиши забонҳои русию хориҷӣ ҳидоят намуданд, зеро ин ду забон забонҳои байналмиллалӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ҷуз ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши фанни технологияи иттилоотиро ҳатмӣ дониста, баҳри пешрафти технологияҳои муосир ва боз ҳам зиёд гардидани навовариҳо чуқур омӯхтани ин фаннро тавсия доданд. Илова бар ин ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид ва аз соли ҷорӣ оғоз намуда озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида шуда истодааст. Дар қатори ин озмун боз дигар озмунҳои қаблӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки баҳри дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани донишу тафаккур ва баҳри рӯ овардани ҷавонон ба китобу китобхонӣ ҳамасола бо довталабони бешумор баргузор гардида истодааст.
Иқдоми дигаре, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар расид, ин зиёд кардани маош, нафақа, нафақаи маъюбону ятимон ва ҳама гуна стипендияҳо ба ҳаҷми аз 20% то 25% мебошад. Ин иқдом албатта баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди мамлакати мо шумораи корхонаҳои саноатӣ то ба имрӯз 2274 адад расидааст. Дар Паёми мазкур аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод карда шуд, ки баҳри афзун намудани маҳсулоти босифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад. Аз рӯи нақша теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар панҷ соли оянда бояд ба 3500 адад расида шавад ва рушди саноат ба кишвари мо албатта мусоидат мекунад.
Пас аз шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар маълумам гардид, ки ҳеҷ соҳае аз зери нигоҳи Сарвари кишварамон дур намондааст ва дастуру супоришҳое, ки дар ин Паём дода шуд барои рушду равнақ ёфтани кишвари мо махсусан дар соли 2022 ва дурнамои он барои солҳои сол мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ мо ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвоии муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида камари ҳиммат бандем ва заррае ҳам бошад саҳми худро дар шукӯфоии кишвари азизамон-Тоҷикистон гузорем.

 

Т.САЛИМОВ.,

корманди шуъбаи

муносибатҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *