МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР УЗВИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Қайд кардан бамаврид аст,ки нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Имрӯз дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Бархе аз онҳо ба мисоли ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Инчунин “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо Ал-Қоида-ро ҳифз мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифтааст.Таҳлилҳо собит менамояд,ки ҳаракати “Толибон” имрӯз вазъи Афғонистонро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Баробари ин дар давоми охири соли 2021 дар ин кишвар бештар амалҳои террористӣ содир шудаанд. Аз ҷумла:
– 3 октябри соли 2021 дар масҷиди Идгоҳи Кобул;
– 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд;
-15-уми октябр ҷангҷӯёни ин кишвар ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд.
-20-уми октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод;
– 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст.
Тибқи расонаҳои хабарии Афғонистон пас аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст ва тақрибан 600 нафар аз таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз осеб дидаанд.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки душманони миллати мо имрӯз дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта бо номи ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ ва дигаре Гурӯҳи-24 ки дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратӣ аз сабабаби муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои Аврупоӣ амалҳои террористӣ ва ифротгароии исломӣ домани худро густардатар мекунанд.
Баромадҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 дар шабакаҳои иҷтимоӣ собит месозад, ки ин хоинони миллат дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқи нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои супориши хоҷагони хориҷии мехоҳанд мардуми кишварро гумроҳ сохта, ба корҳои зишти худ ҳамроҳ созанд.
Дар урфият мегӯянд, вақт довар асту таърих гувоҳ, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравону аъзоёни он кистанд ва чӣ ният доранд. Воқеан таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад. Хулоса ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи хешро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.

АШӮРОВА А.А.,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *