
Воқеаву руйдоди солҳои охир дар хориҷии дуру наздик собит менамояд, ки дастпарвару дастнишондодаи паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, барои амали намудани ҳадафи муғризонаашон – шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барњам задани Истиқлоли сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвогарона менамоянд. Ҳаммаслакону пайравони наҳзатони дурўя пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат доранду оромї надорад. Бо ҳар васила фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор сохтан ва пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегирад ва дигар кору илоље надоранду имруз сарсону саргардонанд оқибат ватангадо гаштаанд. Чунончи, яке аз думрави фаъоли “Паймони милли..” Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар давоми соли ҷорӣ тавассути сомонаи ифротӣ – “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигиро ба ӯҳда гирифта, бо шогирдону пайравонаш, аз ҷумла Абдухалил Восиев, Муҳаммад Тағоев ва қатор думравонаш бо лақаби ғайриоддиро ҷалб намуда, тибқи дастури Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиашон баромадҳо менамояд. Баромадҳои ҳаррӯзаи ин тоифа инсонҳои бадкор нисбати кишварамон бори дигар нишон медиҳад, ки чун солҳои навадуми асри гузашта, мехоњанд, мардумро гумроњ сохта, ба корњои зишти худ њамроњ созанд. Палидони роҳгумгаштаи ватангадо намедонанд ва ё худро ба нодонӣ мезанд, таъкидан ёдовар мешавем, ки воқеан, таърихи давлатдории навини тољикон нишон медиҳад, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роњи њама гуна моҷароро гирад.
Хулоса, дар интиҳои андешаи хеш мо ин навбат низ баромадҳои ифротии М.Садриддину шогирдонаш ва умуман, раҳбарияту ҳамммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли”-ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханњои иғвоангезонашонро шадидан мањкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакањои иљтимої бо дурўѓпардозї ва дасисабозии худ нисбати кишари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз
