
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки вақтҳои охир хоинони миллат, амиқтараш яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзат, афроди бешарафи беномуси иғвогар Муҳаммадиқболи Садриддин, бештар тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”,
дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигӣ намуда, бо ҷалби шогирдону ҳаводоронаш бо суханҳои сафсатаи иғвогаронааш баромад менамояд. Дар иртибот ба ин, ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки М.Садриддин оқибат дур аз диёр ватангадо гашта, имруз бо раҳнамоии устодаш Кабирӣ ва пуштибонии хољагонаш дар яке аз кишаврҳои Аврупо иқомат дорад. Ин роҳгумзадаи ватангадо, баҳри иҷрои супоришҳои устоду ҳоҷаи хориҷиаш, алалхусу бо ҷалби шогирдаш бо номи Муҳаммадамин ва яке аз ҳаводораш Тағоев Муҳаммад зимни баромадҳои беасоси иғвогаронаашон кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. М.Садриддин ва шогирдону ҳаводоронаш яке аз гуруҳаки ифротие ҳастанд, ки имрӯз аз шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳлука афтодаанд. Бо ибораи дигар ба либоси М.Садриддин ва пайравонаш кайк даромадаасту имруз онҳоро ором гузошта наметавонад. Бадхоҳони миллат ба ѓайр аз тўҳмату амали иғвогариашон дигар коре надоранд.
Ин гуруҳаки ифротӣ, умуман паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”-хоинони миллат ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи кишварамон назари нек надоранд ва барои манфиати шахсӣ ва устоду хоҷашон мақсад доранд, ки вазъияти кишварро таѓйир дода, дарёфти пулу сарватҳои муфтро ба даст оранд. Умуман, ҳаводиси зиёди айём ва пайомадҳои манфии роҳбарияту ҳаммаслакони наҳзат ба М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Бо боварии комил таъкидан қайд менамоем, ки ин пайравони худсохтаи наҳзати аҳмақнамо ҳеҷ гоҳ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонанд!

Дар фарҷоми андешаамон хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои ифротӣ, ҳилаву дасисаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону ҳаводоронашро доимо шадидан маҳкум менамоем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии кишвари соҳибистиқлоламон талош варзанд.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
