НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

     Замони мо, ки пур аз мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва паҳн шудани экстремизм, терроризм, радикализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ, созмонҳои террористӣ барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо зиёд ҳарф мезананд.Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанданд. Илова бар ин, террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ, манфиатҳои хеш, зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа, давлат ва амнияти мардум мебошад. Миёни мафҳуми террор ва терроризм тафовут вуҷуд дорад. Терроризм раванд ва равиши хоси зиндагист ва террор як руйдод аст. Ин раванд бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дини мубини ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом сӯиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибононӣ ва бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Аз рӯи мақсаду маром, ғоя ва тарзу амалашон созмонҳои террористиро ба гурӯҳи зерин тақсим намудан мумкин аст:
-Терроризми миллатгаро ё террористони миллатчӣ худро муборизони роҳи озодии миллӣ ва зидди сиатми миллӣ эълон намуда, бар зидди намояндагони миллати дигар амалҳои террористиро содир мекунанд, одамонро мекушанд, таркиш ва дигар амалҳои зишту даҳшатоварро содир менамояд. Барои террористони миллатгаро- миллатчигӣ мақсаду маром ва далели амалҳои нопокашон мебошад;
-Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Худро мусалмон хонда “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод”- ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазавот”- ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамоянд;
-Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказгурезӣ), террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз байн бурдани он мубориза мебаранд.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизм, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда расонида, модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшинаро нагирифтан, майдони фарох кушода додан ба густариши он, бахусус терроризм ва экстремизми динӣ, ифротгароии маҳзабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад. Ҳар як инсон бояд пеш аз ҳама фикр кунанд, ки ӯ дар сарзамини офтобиву тинҷу ором, пешгирифта зиндагӣ дораду ҳеҷ кас хилофи дигаре кор намекунад, рӯз то рӯз кишвари тараққи карда истодаасту ҳамаи ёру бародарон хушу хурсанд умр ба сар бурда истодаанд. Ҳоло чӣ суд аз ин, ки хешу ёронро ба мотам ва пешравиву сарсабзии кишваратро ба мотам табдил диҳӣ. Биё бо ҳам ватанамонро одоб мегардонем то чашми ҳолуд аз ҷилову дурахшии ободиҳо кӯр шавад, ин аст ҷиҳод, ин аст озодӣ, ин аст дини ислом, ки ту ҳамеша аз пайи ободи бошию барои гулгулшукуфоии ватанат саҳми дота бошӣ, дасти мадад ба як дармондагӣ дароз кунӣ ва миллату давлатамонро муҳофизат кунӣ бо мардуми ҷаҳон новобаста аз гуногунии забон, фарҳанг, дин, расму оин дӯсти бино кунӣ.Ин аст расми одамият.Хулоса, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

С.АМИНҶОНОВА,
мудири шуъбаи
тарбия ва фарҳанг

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *