ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ТӮДАИ ТАНГНАЗАРОНИ ХИЁНАТКОРИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ байни намояндагони ақида, арзишҳои гуногун, мусоидат карда, аз ҷониби дигар, дар дасти гурӯҳҳои нохалафи ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон, тавассути ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ гардидааст. Падидаи “ҷангҳои иттилоотӣ” имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст. Чунончи бештар дар моҳҳои октябр ва ноябри соли равон аз ҷониби раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони миллӣ” тавассути сомонаи ифрортӣ бо номи “Ислоҳ.нет” ҷангҳои иттилоотиро ба роҳ монда, тавассути ахбори санҷиданашуда ҳадафи асосии худ объектҳоеро чун роҳбарияти олии кишвар, низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин, инфрасохтор, аҳолӣ ва ғайра қарор доданд. Дар иртибот ба ин, мушаххасан мисол меорем, ки аз тарафи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз узви фаъоли “Паймони миллӣ”, санаҳои 12, 15 ва 19 ноябри соли ҷорӣ дар барномаи ифротӣ -“Минбари муҳоҷир”, бо ҷалби думравонашон барои расидан ба ҳадафҳои худ аз маводҳои видеоӣ, сабтҳои овозӣ ва матнӣ, далелҳои санҷиданашуда истифода намуда, дар шуур, ҷаҳонбинӣ ва психологияи мардум ҷойгузин намудани ғояи ифротӣ кушиш намуда, боз дастовардхои беназири кишварро нодида гирифт. Пас аз гуфтору рафтори М.Садриддин пай бурдан душвор нест, ки ин тоифа афрод олами атрофи худро эҳсос карда наметавонад, вай оҷиз аст, ношунавост, вай қобил нест, ки дигаргуниҳои кишварро бубинаду шунавад ва наметавонад механизми таҳлилу хулосабарориҳоро ба кор дарорад. Ҳамчунин М.Садриддин аз виҷдони дарки умумиинсонӣ маҳрум аст. Умуман раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат гирифтори он ғоя гардидаанд, ки ба шӯру ошӯб, харобкориву хиёнат даст зада, ҷомеаро ба низои шадид гирифтор намуда, сулҳу суботи онро халалдор намоянд. Лекин, мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, бар зидди паймони худсохтаи наҳзат – тӯдаи тангназарони хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира карда наметавонад!

Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *