ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ нисбати суханҳои иғвоангезонаи М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет.” (аз 22 ноябри соли 2023)

Мо кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада борҳо нисбат ба баромадҳои як афроди бешарафи дурӯғгӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, ки узви фаъоли паймони милии худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ”мебошад, изҳори андеша намуда, хиёнаткор ва думравонашро маҳкум намуда будем. Ин навбат низ оид ба баромади навбатии М.Садриддин ва думравонаш, ки санаи 22 ноябри соли равон тавассути сомонаи ифротии «Ислоҳ .нет», дар барномаи «Минбари муҳоҷир» вобаста ба сафари навбатии кории Сарвари кишвар дар Федератсияи Россия ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод намуда, боз барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ коштаанд. Бо ин васила пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Ин амалҳои таҳрибкоронаи хоинони миллат дар либоси дифои дини Ислом ва исломият ҳаргуна ормони инсондўстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст.

Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки дар барномааш аслан масоили муҳоҷиронро баррасӣ намояд. Вале баръакс. Ба андешаи мо бадхоҳи миллат зимни баромадҳояш бояд оид ба масоили ҳаммаслакони роҳгумзадаашон сухане гуяд! Ёдовар мешавем, ки дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 125 узви аъзоёни собиқ ҲНИ , ДИИШ, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ” ва амсоли инҳо барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткорона ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои собиқ ҲНИ мебошанд. Умуман, баромадҳои ифротии М.Садриддин ва думравонаш, алалхусус Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Раҳматулло аз афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўронаи хоинони миллат дарак медиҳанд, ки ҳоҷат ба баён нест. Хулоса, рафтору гуфтор ва умуман амалҳои номатлуби хоинони миллат , ки имрўз бар хилофи дини мубини Ислом аст. Бинобар ин, мо бояд нагзорем, ки ин хоинони миллат бо афкори ғалат, ҷоҳилона ва кўр-кўрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин гардонанд.
Дар интиҳои изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки бояд дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди меҳандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи Истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *