ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ГУРУҲАКИ МУНОФИҚОНИ БЕИМОН

Мо омӯзгорон тавассути расонаҳои хабарӣ ки огоҳем, имрӯзҳо дар ҷаҳон даҳҳо гуруҳҳои ифротиву террористӣ амал мекунанд, ки ҳар кадом гуё худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаи нопокашонро дар байни аҳли ҷомеа паҳн менамоянд. Масалан яке аз ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”бо номи Муҳаммадиқболи Садридин, ки бо лақаби “Иқболбӣ” маъмул аст, имрузҳо  тариқи сомонаи “Ислоҳ. нет” дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби думравонаш баромадҳои  иғвогарона менамояд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи М.Садриддин ва шогирдони  чоплусони ватангадояш аслан тибқи фармоиши роҳбару хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мекунанд. Ҳатто ин гуруҳи чоплуси наҳзатӣ андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд. Хулоса, ягон миллати ҷомеаи имрўза  мисли М.Садриддин  нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад. Ба андешаи мо М.Садриддин аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории руҳӣ гирифторшудае беш нест! Ҳар ашхоси солимақл аз баромадҳои видеоии М.Садриддин  бе ягон душворӣ эҳсос менамояд, ки ӯ ба бемории руҳӣ гирифтор аст.

Ба М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш,  умуман ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.

Дар фарҷоми андешаамон қайд менамояем, ки мо ҳамавақт суханҳои М.Садриддин ва ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли..”-ро  шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин гуруҳаки  мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимої нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

Д.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *