Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар саросари ҷумҳурӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аҳли зиё ва дин, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони боргоҳи илму маърифатамон бо таваҷҷуҳу самимият ва бовариву садоқат пазироӣ гардид.
Вобаста ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон хулосабарорӣ намуда бояд қайд кард, ки самимият нисбат ба ҳамаи қишрҳои аҳолии мамлакат, муҳаббат ба хурду бузурги он, боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз, садоқат ба мардуми шарифи мамлакат ва вафодорӣ ба гузаштаву ояндаи он дар ҳар каломи суханашон баръало таъкид гардида, бори дигар намунаи олитарини ватандӯстиву ватандорӣ ва инсонпарвариро нишон собит намуданд.
Зимни суханронии хеш Сарвари кишвар ҳамаи паҳлуҳои маънавиву фарҳангӣ, диниву ахлоқӣ ва мадании мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ба таври кушод баён намуданд. Дар робита ба ин, яке аз мушкилоти ҷойдошта андешаронӣ намуда, иброз медорем, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун содир намудани амалҳои нодуруст ва таҳдидкунандаи хавфу хатар натанҳо барои давлати алоҳида, балки барои тамоми сокинони сайёра ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, солҳои охир бемаърифативу бетаҷрибагӣ, ноогоҳӣ, фаҳмиши нодурусти арзишҳои динӣ ва таълими динии ғайриқонунӣ ба он оварда расонид, ки дар ҷумҳурӣ зуҳуроти пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ба назар мерасанд. Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст. Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард. Ин рақамҳои оморӣ, умуман ҳаракату амалҳои террористиву ифротии солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар мамлакатҳои гуногун амалигардида нишон медиҳад, ки хоҷагони хориҷии онҳо мехоҳанд бо ин роҳ миллати тоҷик ва дини мубини исломро дар назари аҳли ҷомеа бадном созанд. Ин зуҳуроти номатлуб дар баъзе маврид ба таъсири фарҳанги бегонагон ва аксар ҳолатҳо ба нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, ки ҷонибдори паст намудани обрӯву нуфузи дин ва пайравони он дар саросари ҷаҳон ва ташаккули ғояи исломситезӣ мебошанд, вобаста аст ва ба таълимоти дини мубини ислом ягон вобастагӣ ва робита надорад. Аммо бо қатъият метавон иброз дошт, ки хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи модари тоҷик ин доғи сиёҳро тоза намуда, ҳақиқати ҳолро бозгӯйӣ менамоянд. Пешвои миллат дар робита ба ин масоили матраҳгардида қайд намуданд :«…тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ, хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониашон иброз доштанд, ки таърихи дарози миллати тоҷик чунин вазъиятро ба хубӣ ёд дорад, ки оқибати он беаҳамиятиву бетарафии ҷамоатчигӣ ва хурофотпарастии аҳолӣ ба заволи давлати миллии тоҷикии Сомониён дар асри X ва ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон дар асри XX сабаб гардид. Барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо аҳли ҷомеаи мамлакатро зарур аст, ки барои баландтар бардоштани саводи динии аҳолӣ ва бо арзишҳои динӣ ошно намудани онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Барои ин зарур аст, ки ҷомеа ва давлат, бахусус ходимони дин дар ҳамбастагии зич фаъолият намуда, дар замири аҳолӣ эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаи пуршарафро бедор намоянд. Тоҷик будан, ворисӣ аз ашхоси бузурги таърихиву фарҳангӣ, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштаанд ва ҳифзи мероси диниву фарҳангии миллат бояд маҳаки асосии ҳисси ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро ташкил диҳад. Бо ин роҳ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардид, ки барои бунёди ҷомеаи фикран ва руҳан солим замина мегузорад, ки бамаврид қайд гардид: «Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басе арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
Зимни суханрониашон Пешвои маҳбуби миллат дар баробари ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик иброз намуданд: моро зарур аст, ки ба туҳмату буҳтон ва санги маломат нисбат ба дини мубини ислом низ бетараф набошем. Имрӯз дар замоне, ки мамлакатҳои ғарбӣ мехоҳанд бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва сиёсикунонии дин дар минтақа ва ҷаҳон нооромӣ ба вуҷуд оранд, ҳар яки моро лозим аст, то бо таҳаммулпазирӣ, ҳамдиливу ягонагӣ, тарғиби ғояҳои инсондӯстона ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба тамоми динҳои дигар ба ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дини тарғибгари ҷангу ҷидол набуда, балки ҷавҳари асосии ғояи онро боварӣ ба ҳамдигар, садоқат ба ватану миллат, инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббати аҳли башар ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бо таваҷҷуҳу самимият ва бовариву садоқат дастуру супориш ва ҳидоятҳои навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонв-ро сармашқи фаъолити кор қарор дода, бо иқтибос аз суханони пурарзиашон ҳусни интиҳо мебахшем: “Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.”
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ