ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЗ БАДСИРИШТӢ БАР МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ХИЁНАТ МЕКУНАД!!!

Дар ҷомеаи имрӯза ҳаракату гурўҳҳое фаъолият доранд, ки бо ҳар роҳу восита пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, туҳмату таҳқири роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин, дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ иғво меангезанд. Чунончи раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли”, алалхусус яке аз аъзои он Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо шогирдону пайравонаш дар кишварҳои Аврупо маскан гирифта, имрӯзҳо тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ нет”, зимни баромадаҳояшон дар барномаи “Минбари муҳоҷир” нисбат ба давлату миллати мо суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тӯҳмату ғайбат мекунад, ки ин гуна ашхосро метавон хоин ва ватанфурўш, нокасу палид ном бурд. М.Садриддин ва пайравону шогирдонаш, аз ҷумла Тағоев Муҳаммад, Салим Султонзода, Восеев Абдухалил ва афроде бо номи Ҷамшеду Раҳматулло бо навбат зимни баромадҳои ифротиашон ва намоиши сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангезу иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбати раҳбарияти сатҳи гуногун инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад. Хулоса, хоинони зикршуда ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду аз бадсириштӣ бар миллату давлат хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд. Бо боварии комил таъкидан қайд менамоем, ки ин тӯдаи худсохтаи наҳзати аҳмақнамо ҳеҷ гоҳ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонанд.

Дар интиҳои андешаамон хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки баромадҳои ифротӣ, ҳилаву дасисаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону пайравонашро доимо шадидан маҳкум менамоем ва моро бори дигар водор месозад, ки аз чунин қабил хоинони қаттоли миллату давлат бояд дар эҳтиёт бошем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *