ДУРЎҒПАРДОЗӢ ВА ДАСИСАБОЗИИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Мусаллам аст, ки эътиқод ва имон ба дини мубини Ислом албатта амали муҳим ба ҳар як мусулмон аст. Аммо нишонаҳои ин эътиқодмандӣ ҳаргиз даст задан ба разолат, қатлу куштор ва хунрезӣ набуд. Масалан, агар раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Имрӯзҳо раҳбарияти ин ташкилот, бо номи “Паймони миллӣ…”, ки дар ин ном калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, дар кишварҳои Аврупо фаъолияти ифротиашро ба роҳ монда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои ифротиро пеша намудааст. Воқеан “Паймони миллӣ” худсохтаи наҳзатиёни хиёнаткор мебошад, ки мо бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносему онро шадидан маҳкум менамоем. Агар нисбати раҳбару ҳаммаслаконаш гуфтанӣ шавем, мо медонем, ки ин тоифа гуруҳи фироӣ ба ишқи пулу мол гирифтор шудаанд. Ин тӯдаи хиёнатпешагон асосан тариқи барномаҳои ифротӣ, дар шабакаи “Фейсбук” овозаҳо паҳн карда, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд худро шахси дунявӣ ва “ҳақиқатҷўй” шуморида, андешаҳои ифротгароии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва макфураи махсусан ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд. Чунончи Муҳаммадиқболи Садриддин, яке узви фаъоли “Паймони милли..” мебошад, ки бо ҷалби думравонаш, Салим Султонзодаи заҳрхандадор ва афроде бо номи Ҷамшеди кундфаҳм, дар якҷоягӣ бо маслиҳатҳои раҳбарияти паймони худсохта ва хоҷагонаш, дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон, тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, ҳадафҳои навбатии ғаразнокашонро амалӣ кардан мақсад доштанд. Ҳадафашон кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман, ҳама гуна даъвоҳои фирориёни паймони худсохтаи наҳзат дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Бинобар ин, нагузорем, ки хиёнаткори халқу ватан – М.Садриддини бешараф, думравонаш, бахусус Салим Султонзодаи ҳасадхўри заҳрхандадор, Ҷамшеди кундафаҳм ва хуллас раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Дар интиҳои андешаи хеш хоинони миллатро хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рўз аз рўз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Д. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *