ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ ИМРӮЗА!

          Мо имрӯз ҳам шоҳиди чунин равандҳо ҳастем, бархе созмону гуруҳҳои ифротӣ,ба мисоли ДИИШ, “Ал-Қоида”, ТТЭ ҲНИ ва амсоли инҳо  зери ниқоби ислом амал намуда, кӯшиш мекунанд дар асоси ғояҳои “муҳоҷират”, “ҷиҳод” ва “шаҳодат”  низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд ва тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд, гарчанде бар хилофи дини мубини ислом аст. Баробари н, бояд қайд кард, ки дар асри технологияи иттилоотӣ, амалан ҳамаи созмонҳои террористӣ дар васоити ахбори умум – шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабаби осон дастрас буданашон фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши ҷавононро мутеи худ созанд. Гузашта аз ин, феълан дар шабакаҳои интернетӣ сайтҳои зиёди ахборотӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, хеле афзудааст. Агар дар соли 1998 сохторҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташаккулёфтаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона доштанд, ҳоло шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ беш аз 10 000 расидааст. Созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷиҳати амали намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ  барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳо бо фаъолияти виртуалӣ машғул шуда, ҷавоноро ҷалб кунанд.

                                                  

Мутаассифона, баъзе шахсон ба ҷойи шукрона аз сулҳу ваҳдат, оромиву суботи ҷомеа, давлату давлатдории миллати солору бофарҳангамон, ободиву шукуфоӣ ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Тоҷикистони азизамон ба доми фиреби ДИИШ, ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаракатҳои тундрави динӣ ва ташвиқу тарғиби афкоре, ки хилофи мазҳаби аҷдодиамон – ҳанафия мебошад, гароида истодаанд. Баробари ин, мушкилоти дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет роиҷ аст, ин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ мебошад. Дар бештари ҳолат истифодабарандагони ҷавон худноогоҳ ба доми фиреби мубаллиғону эмиссарони интернетии ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, афтида, ба чунин амал даст мезананд.Масалан соли гузашта дар кишварамон  1200 ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи имрӯза  аст.  Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надорад. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.

                       Р. АНВАРӢ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *