ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризму экстремизим падидаҳои номатлуб буда, мутаассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегарданд, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои худро пиёда созанд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё метавон ба ин роҳи пурдаҳшат ба ҳадаф расид? Албатта, не!
Пӯшида нест, ки имрузҳо дар расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо бештар дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонони мусалмон даст мезананд ва оҳиста-оҳиста андешаеро дар мағзи мардум ҷойгир мекунанд, ки гуё маҳз мусалмонон дар ҷаҳони имруз даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Аммо, ҳақиқат ҷойи дигар аст ва бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлака равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзурам, воқеаҳое, ки дар Сурия, Ироқ, Афғонистон рух доданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва ру ба инкишфро бо дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд. Бояд ёдовар шуд,ки зиёда аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷангида, дар натиҷа беш аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурўҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ шудаанд.
Алҳол нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ бархе гуруҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ ва Ал-Қоида ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта,фаъолияташонро ба роҳ монда бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави ДИИШ 11 нафар боздошт шудаанд ва дар байни боздоштшудагон, як афроде бо номи Солеҳ Солиеви 31 сола аст, ки он зодаи Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки имруз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ гуфта мешавад.Хулоса ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намуда, ба доми фиреби дасисабозону бегонагон дармонда нашавем.

Ф.РАҲМОНОВ,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *