БАРОМАДИ НАВБАТИИ РОҲБАРУ ҲАМММАСЛАКИ ТТЭ ҲНИ – ПМ АЗ БУҒЗУ АДОВАТ ДАЛОЛАТ МЕКУНАД!

Дар моҳи апрели соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғотгароии роҳбари ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Алим Шерзамонов бори дигар собит намуд, ки воқеан чашмони онҳоро пардаи ғараз кӯр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. Баромади навбатии бадхоҳони миллат, дар фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз буғзу адоват далолат мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Вале баромади навбатии Кабирӣ ва ҳаммаслакаш бараъкси ин гуфтаҳо аст. Умуман мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Кабирӣ ва Алим Шерзамонов дар аксарияти баромади худ бо эҳсос оид ба мафҳумҳои «ҷудоиандозӣ» ва «ноҷавонмардӣ» сухан мегӯянд. Вале мо намефаҳмем, ки ин таъкидҳо бо кадом ченакҳо ҳисоб карда шудаанд. Оё истифодаи вожаи муқаддаси Ислом дар номи ҳизб ва бо ин васила фишор овардан ба ирода ва беихтиёр ҷалб кардани ашхоси мусулмон ба ҷонибдории ТТЭ ҲНИ ин ҷудоиандозӣ ва ноҷавонмардӣ нест? Хуб медонем, ки чунин ҳизбҳои мухолиф танҳо зери танқид гирифтани ҳукуматро доранду халос! Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.
Хулоса, натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии собиқ аъзоёни ҲНИ ва думравонаш, яъне ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хиёнаткор набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Баробари ин мо ҷавонони тоҷик бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду ҷаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Х.УМУРОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *