
Дар шароити пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе минтақаҳои гуногуни олам, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат доранд, масоили таъмини амният ва рушди босуботи кишвар дар мадди аввал меистад. Дар ин замина, муттаҳидсозии муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади таъмини сулҳу осоишта ва ҳифзи амнияту субот дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.
Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо ҷомеаи байналмилалӣ бояд саъйю кӯшишҳои худро барои таҳкими сулҳ ва ҳаёти осоиштаи инсоният дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда равона намоянд. Маҳз, тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидсозӣ давлатҳои ҷаҳон метавонанд амнияту субот ва рушди устуворро таъмин намоянд.
Осиёи Марказӣ чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунин бо хавфу хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Дар ин росто, амният, сулҳу субот ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ бевосита аз вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд. Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки машваратҳои сиёсиро оид ба суботи Афғонистон идома диҳанд ва бо мақсади пешгири кардан аз бӯҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи ин кишвар равона намоянд. Бе бозгашти сулҳу осоишта дар Афғонистон дар бораи бунёди амнияти комил дар Осиеи Марказӣ ҳарф задан хело мушкил аст. Дар ин раванд, маҳз кишварҳои ин минтақа метавонанд дар таҳкими субот ва рушди устувори Афғонистон нақши муҳим бозанд.
Бо дарки амиқи ин равандҳо, минтақаи Осиёи Марказӣ солҳои охир бо кӯшишҳои муштарак ба қаламрави ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Зеро, дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории субот ва рушду пешрафти давлатҳо мусоидат намояд. Ҳоло, барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ фазои мусоид фароҳам омадааст. Баргузории шаш Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар солҳои охир инро собит сохт. Илова бар ин, моҳҳои охир «рӯйдоди бисёр муҳим» дар муносибатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир гашт. Алалхусус, 13 марти соли 2025, дар шаҳри Бишкек, Шартнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид, ки ба баҳсҳои марзӣ ва низоҳои чандинсолаи байни ду кишвар хотима гузошт. Инчунин, 31 марти соли 2025 дар ш. Хуҷанд Шартнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд». Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.
Воқеан, кишварҳо ва мардумони Осиёи Марказиро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманд мепайванданд. Аз ин ҷост, ки вохӯриҳои мазкур, бевосита аз оғози нави ҳамкориҳо дар қолаби сеҷониба замина гузошт ва дар навбати худ ба масъалаҳои таҳкими амният ва рушди ҳамаҷонибаи водии Фарғона мусоидат намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар таърихи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чандин вохӯрию ҳамоишҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо давлатҳои минтақа кӯшиш намуданд, ки дар доираи ҳамгироии минтақавӣ ҳамкорӣ намоянд. Масалан, 13 декабри соли 1991 дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 4 январи соли 1993 дар шаҳри Тошкент мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардиданд. 30 апрели соли 1994 давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Шартнома дар бораи барпо намудани Фазои ягонаи иктисодӣ имзо карданд, ки Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказиро (ОЦАС) таъсис дод. Соли 1998 ба ин иттиҳод Тоҷикистон низ аъзо шуд ва он ба Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАЭС) мубаддал гашт. 28 феврали соли 2002 дар шаҳри Алма-Ато Созишнома дар бораи боз таъсиси додани Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ (ОЦАС) ба имзо расид ва ба он чор кишварҳои Осиёи Марказӣ аъзо шуданд: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон .
18 октябри соли 2004 Россия расман ба Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (ОЦАС) пайваст ва пас аз як сол, ин созмон бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) муттаҳид шуд. Пас аз барҳам хӯрдани Созмони ҳамкории Осиёи марказӣ (ОЦАС), раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, то як давраи муайян ба охир расид.
Марҳилаи нави раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт. 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нахустин мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, пас аз танаффуси тӯлони, баргузор гашт. Ин мулоқот таҳти унвони Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт ва дар навбати худ ба таъсисёбии ҳамоиши панҷ давлатҳои минтақа асос гузошт. Вохӯриҳои минбаъда дар шаҳрҳои Тошкент (29 ноябри соли 2019), Туркменбошӣ (6 августи соли 2021), Чолпон Ота (21 июни соли 2022), Душанбе (14 сентябри соли 2023) ва Остона (09 августи соли 2024 ) баргузор гаштанд.
Дар Вохӯриҳо, Сарони давлатҳо маҷмуи васеи масоили мубрами минтақа, аз ҷумла, дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, густариши муносибатҳои илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар доираи Вохӯриҳои машварӣ, зиёда аз сад пешниҳоду ташаббус баррасӣ шудаанд, ки татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштараки минтақаро зиёд мекунад. Дар натиҷаи густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод 80 фоиз афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт. Дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллар расад.
Имрӯз, давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар иттиҳодияҳо ҳамкории судманд менамоянд. Дар ин росто, кишварҳои Осиёи Марказӣ давоми солҳои охир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба ҳифзи сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.
Ҳамаи ин кӯшишу тадбирҳо, табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва хеле шукуфон дар ояндаи наздик гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва бӯҳрони ҷаҳонӣ мо шоҳиди намунаҳои олии ҳамраъйӣ ва ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ гардида истодаем. Заминаи чунин муносибатҳоро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда ва ҳалли ҳамоҳанги мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.
Бояд таъкид кард, ки Осиёи Марказӣ дар меҳвари қитъаи Авруосиё қарор дорад ва дар минтақа мавқеи калидии стратегиро ишғол менамояд. Кишварҳои минтақа дорои захираҳои бою табиӣ мебошад. Мувоқи маълумотҳои мавҷуда, дар минтақа қариб 38,6 фоиз захираҳои ҷаҳонии манган, 30,07 фоиз хром, 20 фоиз сурб, 12,6 фоиз рух, 8,7 фоиз титан ва дигар захираҳои бой мавҷуданд, ки онҳо дар соҳаи истеҳсоли технологӣ ва саноатӣ дар ҷаҳон талаботӣ зиёд доранд.
Аз ин лиҳоз, Осиёи Марказӣ имрӯз таваҷҷӯҳи зиёди қудратҳои пешрафтаи ҷаҳониро ҷалб намудааст ва ба яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Таъсиси беш аз даҳ қолаби ҳамкориҳо дар доираи «Осиёи Марказӣ-плюс» (С5+1) ин воқеиятро тасдиқ мекунад. Масалан, дар солҳои охир нишастҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон баргузор гаштанд. Алалхус, Осиёи Марказӣ – Русия (Остона), Осиёи Марказӣ – Чин (Сиан), Осиёи Марказӣ – ИМА (Нью-Йорк), Осиёи Марказӣ – Олмон (Берлин), Осиёи Марказӣ – Кишварҳои Шӯрои ҳамкории арабии Халиҷи Форс (Ҷидда), Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо (Самарканд) ва Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон (дар шакли маҷозӣ). Соли ҷорӣ, нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон баргузор мегардад. Дар баробари ин, таваҷҷӯҳ ба минтақа аз ҷониби дигар давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ бештар гаштааст.
Айни ҳол, масоҳати умумии давлатҳои Осиёи Марказиро 3 млн. 882 ҳазор км мураббаъ, аҳолӣ беш аз 80 млн. нафар ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 450 млрд. доллари амрикоӣ ташкил медиҳад.
Солҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки заминҳои ҳосилхез зуд кам шудаанд. Ин дар ҳолест, ки баъди 25 сол аҳолии минтақа метавонад аз 100 миллион нафар зиёд шавад. Имрӯз беш аз 20 фоиз масоҳати умумии заминҳои Осиёи Марказӣ ба беҳосилӣ дучор шудааст. Дар давоми чорьяк аср ҳосилноки зироатҳо метавонад сеяк маротиба кам гарданд.
Бо дар назардошти ин раванд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд кӯшишҳои муштараки худро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор равона намоянд. Ҳамчунин, давлатиҳои минтақаро зарур аст, ки ягонагии худро мустаҳкам намоянд ва иқдомҳои худро дар минтақа боз ҳам фаъол намоянд. Иқтидори умумии минтақаро ба таври комил дар ҳама ҷанбаҳо муайян намуда, онҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои абарқудрат ба нафъи Осиёи Марказӣ истифода баранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлоли давлатӣ бо такя ба усули сиёсати “дарҳои кушода” бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро ба роҳ монда, минбаъд онҳоро тақвият бахшид.
Дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар радиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 зикр намуданд, ки “Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад”. Ҳамзамон, Пешвои миллат қайд карданд, ки Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.
Бо таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ қайд карданд зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа мавқеи муҳими ҷуғрофиро ишғол намуда, дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, ки аз қаламравӣ Афғонистон бармеояд, нақши муҳимро мебозад. Зеро, Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад, ки тақрибан 60 фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дошта, на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа ва қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳуротҳо ҳимоя ва таъмин менамояд.
Аз ин ҷост, ки масоили таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вобаста ба ин, Тоҷикистон ташаббуси таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон барои пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо пешниҳод намудааст.
Дар баробари ин, Тоҷикистон дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар созмону давлатҳо чор конфронси байналмилалиро баргузор намуд. Алалхусус, конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 маи соли 2018), конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи соли 2019), конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” (18-19 октябри 2022), конфронси байналмилалӣ оид ба “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе”.
Дар ин раванд, Тоҷикистон кӯшиш ва фаъолияти худро ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштаракбор зидди хавфу хатарҳои амниятӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ва ҷаҳон равона месозад.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зухуроти канданиҳои фоиданок кашф карда шудаанд, ки имрӯз дар соҳаи истеҳсолот талаботи зиёд доранд. Илова бар ин, Тоҷикистон дорои 13 ҳазор пирях мебошад, ки 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро ташаккул медиҳанд. Мамлакати мо дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои умумии манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси он ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Имрӯз Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз” истеҳсол намуда, аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Дар ин росто, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад”. Бо ин мақсад, Тоҷикистон аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», истифодаи захираҳои азими табиӣ, ва ашёи хоми муҳим, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамояд.
Ҳамин тариқ Осиёи Марказӣ ба минтақаи босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати азму иродаи қавии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, мо шоҳиди табдил гаштани ин минтақа ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор гаштаем. Дар ин росто, шароитҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбиву амният, тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ, муҳоҷират, обу энергетика, илму фарҳанг ва дигар самтҳо пеш омадааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ рушду тавсеаи муносибатҳоро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад ва дар ин радиф, ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин василаи рушди муштарак, таъмини сулҳу субот мешуморад. Алалхусус, дар шароити шиддат гирифтани муносибатҳои геосиёсии ҷаҳон, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ яке аз шартҳои зарурии пойдории сулҳ ва рушду тараққиёти давлат ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд ва дар ин замина, тамоми кушишу талошҳои худро баҳри рушду тараққиёт, таҳкими субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа равона месозад.
Ф.ҲОШИМОВ,
устоди ДИС ДДТТ
