
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни мақолаву изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои иғвогаронаи Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли…”, мебошад, ки ин дар асл ҳамон ҲНИ аст, бо ибораи дигар хар ҳамон, вале полонаш дигар аст, ибрози андеша намуда, онро шадидан маҳкум намудааем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки М. Садриддин дар давоми моҳи апрели соли равон, аз ҷумла санаи 30 апрели соли ҷорӣ, тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет- пойгаҳи таҳлилӣ ва динӣ” ном дорад, дар канали YouTube, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигиро ба уҳда дошта, баромади иғвогаронаро пеша намуд. Ин афроди бешараф зимни баромадаш, ин навбат низ худро “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале, хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ дар атрофи масоили зиндониён баромади дағалу бемантиқи иғвогарона намуд. М.Садриддин дар ҷараёни баромадаш бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла яке аз шогирдаш Абдухалил Восиев, лақабаш “Алмаз” ва думраваш Шарофиддин Гадоев,

раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди ….» (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест), дастовардҳои беназири кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, бо суханҳои қабеҳ нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, андешаи носолимашонро баён сохтанд, ки он ягон асосе надорад. Ш.Гадоев дар баромадаш вобаста ба сафараш дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози андеша намуд ва гуё ки намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон бошад. Илова бар ин, дар ҷараёни баромади сохтакорона бо ҷалби афрод бо лақаби ғайриоддӣ, аз қабили “7+70”, “Ватан 665”, “Революсионер”, “Ҷонсон” ва ғайраҳо, ки суханро бо калимаи “устоду бародар” оғоз намуда, ба М.Садриддин муроҷиат карданд ва чун баромадҳои қаблиашон нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон норозигию иғвогарӣ ва ғайбату тўҳмат карда, тухми кинаю адоват коштанд. Бояд қайд кард,ки ин ин тудаи бадхоҳи иғвогар бехабаранд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту меҳанпарасти кишварамон аллакай аз ҳилаю найранги М.Садриддин ва шогирдону думравонаш бохабаранду ба суханпардозию сафсатабозиашон боварӣ надоранду эътибори ҷиддие намедиҳанд. Вале, мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз рушди нуъмуи имрузаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ифротии ин иғвогарон бовар намуда, роҳгумзада мегарданд, ки оқибат ба пушаймонӣ меорад! Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурўғи «хоҷа»-ҳои хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омўхтан корҳои ношоиста мекунанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Хулоса, мо бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳону хоинон дода нашавем. Тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани хешро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавонони даврони соҳибистиқлол фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Дар фароварди изҳороти хеш мо ин навбат низ баромадҳои иғвогаронаи М.Садриддин ва умуман, раҳбарият ва ҳамммаслакону думравони “Паймони милли…”-ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои бемантиқи иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
