Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери (иттиҳоди) сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи комунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сосиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абадқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва щайра торафт шиддат мегирад.
Ҷанг барои сарвату боигарӣ, ҷанг барои ба даст овардани бозори хариду фурӯши маҳсулот, яроқу аслиҳа ва захираҳои ашёи хом, ҷанг барои қудрату нуфуз дар минтақаҳои гуногуни сайёраи мо ошкору ниҳон идома дорад.
Гарчанде ихтилофи идеологӣ, гӯё андаке бартараф ё коҳиш ёфта бошад ҳам, вале муборизаҳои сиёсӣ ҳамоно давом дорад.
Дар замони мо қувваҳое вуҷуд доранд, ки акнун фарҳанг тамаддун ва динҳои кишварҳои Шарқу Щарб – ислом ва масеҳият ва дигар дину мазҳабҳоро ба ҳам ҷанг андохта, меҳоҳанд мақсадҳои палидонаи худро амалӣ созанд.
Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо чи тавре, ки дар аввали сӯҳбат ишора рафт ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин, ва дигар арзишҳои Щарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.
Давлатҳои абадқудрати Щарб бо баҳонаи мубориза бар зидди «экстримизм», «тероризм», «фундамендализми исломӣ», барканор кардани ба ном реҷимҳои «тоталитарӣ», худком ва «щайродемократӣ»-и Шарқ ва ҷорӣ намудани «демократияи асил ва ҳақиқии Щарб» ба кишварҳои Шарқ таҳдид ва таҷовузи рӯйрости ҳарбӣ ба амал меоранд, (мисоли он Ироқ, Либия, Афщонистон, Покистон, Эрон, Сурия ва дигар кишварҳои исломӣ) ки боиси қаҳру щазаби мусулмонони дунё мегардад.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Щарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, мущризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Щарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Щарб ва ҳам Шарқ аст.
Яке аз омилҳо ва сабабҳои тезу тунд шудани мухолифат миёни мусулмонон ва пайравони масеҳият ин таҳқири дин, таҳқири миллати мусулмонон аз ҷониби баъзе кӯтоҳбинон ва кӯтоҳандешони Щарб аст.
Мусаллам аст, ки ҳиссиёт, ифтихори миллӣ, дину мазҳаб – эҳсос ва арзишҳои аз ҳама олӣ ва аз ҳама нозуку ҳассоси ҳар инсон аст. Таҳқири дин, таҳқири миллат бадтарин таҳқирест, ки онро касе намебахшад ва таҳаммул карда наметавонад.
Мутаассфона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Щарб амалҳое ба вуқӯъ омаданд, ки боиси қаҳру щазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи тахрибкорона, таҳрифкоронаи – Салмони Рушдӣ (зодаи Ҳиндустон, сокини Британияи Кабир, ҳоло дар куҷое махфӣ зиндагӣ менамояд), сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии Пайщамбари ислом Муҳаммад (с)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солим фикри ҷаҳон гардид.Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Щарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд оварад.
Ин амали зиштро муншии Созмони Миллоли Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад». Хушбахтона шахсони бадандешу бадгуҳар, ки оташи душманӣ ва мухолифатро миёни мусулмонон ва насрониён барангезиданӣ ҳастанд, камшуморанд.
Фардҳои бузурги фарҳангӣ – динии Щарб ба арзишҳои волои Ислом, фарҳангу тамаддуни Шарқ қоиланд ва онро васфу ситоиши зиёд кардаанд.
Масалан, папа Иоанн Павели 2 дар китоби худ «Остони умедро миёнбур карда» эътироф менамояд, ки «мусулмонон ба Худо ба тарзи беҳтарин ва ҷиддитарин ибодат мекунанд. Масеҳиён дар ин кор бояд аз мусулмонон ибрат гиранд».
Адиби номии рус мутафаккири барҷаста Лев Толстой дар як номаи ҷавобии худ ба пурсиши Елена Ефимовна Векилова ном як зани рус аз шаҳри Тифлис оид ба рафтори писаронаш доир ба азми қабули ислом, исломро аз дини насронӣ муқаддам гузошта чунин навишта буд: «Ҳарчанд аҷиб намояд ҳам, барои ман ки арзишҳои насронӣ ва таълимоти насрониро бо маънии ҳақиқиаш аз ҳама авло медонам, ҳеҷ ҷои шакҳу шубҳа нест, ки ислом бо зуҳуроти тазоҳуриаш аз мазҳаби насронӣ хеле баланд меистад. Биноан агар инсонро лозим ояд, ки аз ду якеро интихоб кунад – ё дини насронӣ ва ё дини исломро, пас барои одами солимфикр дар интихоб ҷои шубҳа намемонад ва ҳар кас исломро ба ҳукми ягонагии Худо ва паёмбараш ва ҷои таълимоти мураккаб ва номаҳфум – таҷассуми писари Худо, худи Худо ва Руҳи муқаддас дар сурати як Худо (троитса) муқаддам мешуморад. Таври дигар мумкин ҳам нест. Ислом аз бисёр хурофоте, ки моҳияти таълимотро торик месозанд ва ба мазҳаби насронӣ ворид шудаанд, орӣ мебошад». Мисоли дигар, ҳамон эътирофи К. Маркс оид ба рисолати пайщамбарии Муҳаммад (с.) мебошад.
Имрӯз, ки мо дар бораи сулҳу оромӣ, амният, сабру таҳаммул, муколама ва муҳовараи дину тамаддунҳои олам сухан меронем, бояд иқрор шавем, дин яке аз омилҳои муҳими иттиҳод, сулҳу ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии инсонҳо мебошад.
Мирмухамедова М.М.,
ассистенти кафедраи
«Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»