ҶОМЕАИ МУОСИР АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗИМУ ИФРОТГАРОӢ!

Тибқи расонаҳои хабарӣ, маълум аст, ки имрузҳо дар кишвари ҳамсоя- Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ, экстремистӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Бояд ёдовар шуд, ки  ҳаракати “Толибон” нимаи августи соли 2021 вориди шаҳри Кобул шуда, Афғонистонро комилан ғасб намуданду аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Дар ин кишвар имрўз даҳҳо  гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар қаламрави Афғонистон вазъиятро мураккабтар намудаанд. Бахусус, аъзоёни  ДИИШ ба таври ошкору пинҳонӣ дар қаламрави Афғонистон маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Ин созмони террористӣ бо истифода аз вазъу шароити баамаломадаи Афғонистон барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила кушиш дорад. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки  дар конфронси Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, вазири умури хориҷии Толибҳо, Амирхон Муттақӣ иштирок намуда, зимни баромадаш қайд карда буд, ки гӯё иштибоҳан ҳудуди 1,8 ҳазор узви гуруҳи ДИИШ-ро  аз зиндон озод намудаанд. Бояд қайд кард, ки алҳол ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад ва  масъулияти  бештари ҳамлаҳои террористиро  бар уҳда худ мегирад.

                          

   Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабарем, ки дар давоми солҳои 20021 ва 2022 дар қаламрави Афғонистон теъдоди зиёди  ҳамлаи террористӣ, асосан дар шаҳрҳои  Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз ба қайд гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ низ, мутаассифона, ин ҳолат аз оғози Соли нави милодӣ , ба назар расид. Масалан санаи 11  январи соли 2023, дар назди вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон  амалӣ террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа  21 нафар ба ҳолокат расида, 40 каси дигар захмӣ шудаанд.

 Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, тайи як моҳи гузашта  ҳамлаи ДИИШ бар маконҳои дипломатӣ дар Кобул, аз ҷумла  дар  сафоратхонаҳои  кишварҳоии Русияву  Покистон низ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин амали номатлубро  гурӯҳи ДИИШ  ба уҳда гирифтааст. Баробари ин, Sputnik Афғонистон  бо дарназардошти мактуби ифшошудаи фармондеҳи ливои дувуми сарҳадии сипоҳи мансурии гурӯҳи Толибҳо дар вилояти Пактиё, иттилоъ медиҳад, ки афзоиши юришҳои гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон, беш аз 7 ҳазор террористони ДОИШ аз паноҳгоҳҳояшон дар хоки Покистон ба Афғонистон, барои ноамн кардани вилоятҳои шимоли ин кишвар, ворид шудаанд. Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем.  Бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоии кунунии  Афғонистон, дар  сатҳи зимни суханрониашон  байналмилалӣ  борҳҳо оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намудаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон эълон карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳаст.  Хулоса нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ҷомеаи муосир бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ бетараф набошад ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, оид ба ин масоили мазкур саҳмгузор  бошад. Мо бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда,чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ф. МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *