ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ МО-ҶАВОНОН БАЛАНД АСТ!

(Изҳороти дастаҷамъаонаи ҷавонони ДИС ДДТТ)

         Дар интиҳои соли сипаригардида Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”  қабул кард, ки он аз 21 боб иборат буда, барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад. Дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки  ба мақсади «ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ» дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст.

         Қонуни мазкур ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст. Баробари ин, бояд қайд кард,ки дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эмин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Қабули ин қонун гувоҳи содиқи ин гуфтаҳост. Ин қонуни ҳаётан муҳим қабл аз ҳама сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян месозад. Воқеан тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзуъ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Ба ақидаи мутафаккирони форсу тоҷик сарчашмаи Ватандӯстӣ аз ин ҷо оғоз мегардад: “Табиат, падару модар, хешовандон, ватан, одамон калимаҳои тасодуфӣ нестанд. Ин зарур аст, зеро мо падару модар, фарзандон, Ватан, ҷои таваллудро интихоб намекунем”. Баробари ин, бояд қайд кард, ки воқеан мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи Артиши миилиии кишвар, ҳимояти марзу буми он ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст.  Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Хулоса маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои зиёд ниёз дорад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд.

Мо ҷавонони ДИС ДДТТ Қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуда, мавқеи худро чунин иброз менамоем, ки: Ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мо-ҷавонон баланд аст!

                

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *