Фестивал-озмуни атласу адрас ҷамъбаст гардид

Эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, тарғиби ҳунарҳои миллӣ қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаву суннатҳои ниёгон барои баланд шудани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.

Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойи корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар толори донишкада Фестивал-озмунҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар Фестивал-озмун маҳсули дастони донишҷӯдухтарони ҳунарманд пешкаш гардид. Аъзои ҳакамон  ба ҳунари тарроҳони ҷавони донишкада – зебоӣ, яъне намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва ҳамчунин мӯйдарозон баҳогузорӣ намуданд. Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сабоҳат Аминҷонова иштирок ва суханронӣ намуда, ба сатҳи баргузории озмун баҳои баланд дод.

Иштирокчиён – тарроҳони ҷавони донишкада дар намоиши либос аз матоъҳои атласу адрас дар бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси идона”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра” ва “Беҳтарин либоси арӯсӣ” ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Инчунин ороишу парвариши муй ва дар доираи расму оинҳои миллӣ намоиши гесӯи дароз пешкаши аҳли нишаст гардид. Дар фестивал-озмун 36 нафар кӯдакону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, ба ғолибони бахшҳои гуногун  диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хабарнигори “ИТ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *