Дар шароити имрӯза экстремизми динӣ, яъне яке аз усулҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Он аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ мегарданд. Экстремизми динӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл менамояд. Мақсади асосии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Дар ибтидои кор ин ҷараён мақсад дорад, ки сараввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолиаш мусулмон ва баъдтар тамоми ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор диҳад. Шаклҳои муборизааш маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу суббот ва истиқлолият, ҷорӣ намудани таълимоти бегонаи динӣ ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бесозиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамоянд.
Дар Тоҷикистон низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, факторҳои динӣ дар ҷомеа якбора рӯ ба инкишоф омад. Аз вазъияти ба амаломада пеш аз ҳама диндорони шинохтаи кишвар бо ёрии «хоҷагони» берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ, мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаънӣ расониданд.
Аз ин рӯ, ин ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса барорем. Сабабҳои паҳн гардидани экстремизми динӣ дар Тоҷикистон гуногунанд. Шароитҳои ба вуҷуд омада нуфузи рӯҳониёни иртиҷопарастро боло намуд. Бо роҳҳои ғаӣриқонунӣ дар кишвар мактабҳои хусусии динӣ пайдо шуданд, ки дар онҳо таълимоти носолим ва террористӣ дода мешуданд. Ба ин мактабҳои ғайрирасмӣ барои фарогирии таълимот аз ҳисоби оилаҳои рӯҳониён, оилаҳои камбизоат, шахсони каммаърифату кӯтоҳандеш ва калаванда интихоб карда мешуданд. Барои расидан ба мақсадҳои худ чунин гурӯҳҳои экстеремистӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо хуб истифода мебурданд. Барои ҳамагон пӯшида нест,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Тамоми ҳамватанони мо, барои иҷрои нишондодҳои шариат ва Ислом ҷидду ҷаҳд намуда, ягона монеа ва душвориҳо пеши роҳи онҳоро намегирад. Ҳоло дар ҳар маҳаллаю кӯчаҳо масҷидҳо фаъолият мекунанд, касе зидди тоату ибодат нест.
Бояд масҷид ҷойи намозгузорӣ бошад на ҷойи ташвиқоти хоҷагони берунаву идеологияи ғаразноку нопоки онҳо. Бояд дар масҷидҳо одамони бомаърифат ҳамагонро ба якдигарфаҳмию ягонагӣ, эҳтирому садоқатмандӣ нисбат ба ватани худ даъват намоянд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ оиди масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ мунтазам сӯҳбатҳо ташкил карда шуда истодааст. Бояд ҳама донанад, ки кишварҳои хориҷии мусулмонӣ бо «кӯмакпулиҳо»мехоҳанд идеологияи худро ба кишвари мо ворид намуда, шуури ҷавонони моро заҳролуд намоянд. Баъзе ашхосон дар кишварҳои мусулмонии Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия, Миср таълимоти динӣ гирифта, баъди он ҳиссиёти ватандӯстии хешро гум мекунанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон рушди иҷтимоию иқтисодӣ бемайлон пеш меравад ва вазъи дохилии кишвар орому осоишта аст. Аз ин бармеояд, ки ҳизби наҳзат «хоҷаи хориҷӣ» дорад ва дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода менамояд. Худи онҳо бозингарони дасти хориҷиён ҳастанд ва аз дасти онҳо обу нон мехӯранд.
Кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ
дотсент Шарипов З.У.