Оқибатҳои манфии сиёсатбозии бадхоҳони миллати тоҷик дар Аврупо

Ҳама огоҳем, ки дар ҷомеаи муосир имрӯзҳо терроризму ифротгароӣ дар кишварҳои гуногуни олам торафт зиёд шуда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар одамони осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо бегуноҳон гардидааст, дар гӯшаҳои гуногуни сайёра низ миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Ин бисёр ташвишовар буда, мо – омӯзгорони мактабҳои олиро ба ҳиссиёт меоварад ва беихтиёр ба ташкил намудани сӯҳбатҳо, мизҳои мудаввар, экскурсия ба ҷойҳои шоёни мамлакатамон оиди ҳизби назҳати ислом ва амалҳои манфию партовгаронаи он даъват менамояд.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.

Пеш аз ҳама гуреза шудани шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистон, баъдан кушта шудани ҷавонони мо дар ҷанги шаҳрвандӣ, ба равияҳои экстремистӣ пайвастани шумораи зиёди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба маҳбас кашида шудану гуреза шудани онҳо ба кишварҳои Аврупо, сабабгор танҳо ТЭТ ҲНИ мебошад.

Маҳз роҳбарии сарвари оқилу донишманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамаи гурезагон ба Ватан баргардонда шуда, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Шукр, ки ба шарофати ақлу хирад ва азму иродаи халқи фарҳангпарварамон мо тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор халос шавем. Вале дар шароити ниҳоят ноороми дунё ба хотири боз ҳам ҳушёру зирак буданамон ба ёд овардани он лаҳзаҳо ҳикмати худро дорад.

Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.

Холшехова Сарвар,
устоди кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *