Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шарки мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.
Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо бахои дурусти худро медиханд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешакаши мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд.
Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт, ҳоло хозир роҳбари он М. Кабирӣ ба гуреза ҳаст. Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди чомеа акидахои нодурусти динӣ чой доранд ки онхороба гурӯххои ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидахои носолими динии худро мехоханд ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки ҷаҳон мувофики хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди чомеа дар дар гузашта дузду чинояткор будаанд е нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ афтода, аз зиндагии мустакилонаи худ махрум шудаанд.
Ҳамаи намудхои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.
Фаёзова Маҳбуба Абдунасимовна,
асисстенти кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ