Таҳкурсии таъсиси Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳанӯз 1978 дар совхози “Туркманистон” –и ноҳияи Бохтар аз ҷониби созмони махфии “Бародарони мусулмон” гузошта шуда буд. 26.10.1991 анҷумани муассисони ин ҳизб баргузор гардида, фаъолияти ин ҳизбро ошкоро соли 1991-1993 ба роҳ монд.Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ин ҳизб дар назди худ нақшаи бо кадом роҳе набошад ба сари қудрат омадан ва ташкили Ҷумҳурии исломиро гузошта буд. Баҳри амалишавии ин мақсад, аъзоёни он ба ғайр аз фаъолияти қонунию демократӣ дар ҳолати зарурат таввассути зӯроварӣ, таҳдид ва куштор яъне амалҳои террористӣ амалишавии барномаи хешро ба роҳ монда буданд. Вақте нақшаҳои онҳо бо роҳи осоишта амлӣ нагашт, роҳбарияти ин ҳизб 14.02.1993 домулло Саъдидин, С.Т.Рустамовро роҳбари Шӯрои Инқилобии исломии Ғарм таин намуданду ӯ бо ҳамроҳии Р.Содиров ва Н.Хоҷаев декабри 1992 аҳолиро ба ҷиҳод баҳри сарнагунсозии ҳокимияти Конститутсионӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон даъват намуданд. Ин ҳизб ва пайравони он баҳри мансаб ва дороӣ боиси оғози ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон гаштанд ки он лиҳози иқтисодӣ ва ҷонӣ ба ватани мо чунин хисорот овард: 55 ҳазор оилаҳо бесаробон монда 25 ҳазор кӯдакон куллан ва ё қисман ятим монданд. Ба буҷаи давлат 7 млрд доллари амрикоӣ зарар оварда шуда садҳо мутахассисони варзида тарки Тоҷикистон карданд.
Ҳамаи ин амалҳои инсонбадбинонаю қонунпоймолкуниҳои ҲНИ-ро баҳогузорӣ карда, 21июли соли 1993 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Ҳизби Демократии Тоҷикистон , “Растохез”, созмони “Лаълии Бадахшон” фаъолияти ин ҳизби террористихоҳро аз фаъолият боздошт.
Роҳбарони он ба Афғонистон фирор намуда июни 1993 Иттиҳоди мухолифинро ташкил намуданд, ки ба он ҲНИ ва ҳизби демократии Тоҷикистон аъзо буданд. Танҳо баъдиноил шудан ба Ваҳдати миллӣ 28.10.1999 Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти нави ҲНИ иҷозат дод. Вале ин ҳизб бо ҳар роҳу восита иғвогарию фитнаангезӣ, гумроҳсозии аҳолиро идома дода , даст ба терроризм зада , алайҳи ҳокимияти Конститутсионӣ душманона рафторсозиро давом дод. Дар натиҷа 45 нафар аъзоёни ин ҳизб барои ҷиноятҳои вазнин ва 17 нафари дигар барои ҷиноятҳои ифротигароӣ ва террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки яке аз ҷиноятҳои онҳо бо роҳбарии Давлатов Аловуддин ( Алии Бедакӣ) ва Раҳимов Абдулло ( Мулло Абдулло боиси марги 25 нафар хизматчиёни ҳарби дар водии Рашт гашта буданд. Ин гуна ҳодисаҳо дар Хоруғ , Исфара боиси марги чандин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гашта буд. Ба болокории ин, амали ноҷавонмардонаи генерал Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷи Ҳалим) ва роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки 4-16 сентябри 2015 таваассути террор сарнагунсозии ҳокимиятро доштанду зиёда аз 20 гурӯҳҳои 15-30 нафарии ин ҳизби бадхоҳ даст ба ғорат, куштор заданду ин амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо косаи сабри мардумро лабрез сохту бо талаби Прокурори Генералӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро чун ҳизби экстримистию терористӣ 29.09.2015 қатъ намуда рӯзномаи он “Наҷот” ва Сомонаи интернетии ҲНИ-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.
Аз гуфтаҳои собиқи Раиси ҲНИ Ҳимматзода ва аъзои фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов бармеояд, ки ин ҳизб бо маблағи хоҷагони хориҷиашон ба монанди Шайх Ҳасани Банно, Саид Қутб, Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавлудӣ ва чанде дигарон нақшаҳои сарнагунсозии сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сар дур накарда баҳри амалишавии ин ниятҳои нопоки хеш роҳбари нави ин ҳизб Муҳиддин Кабириро чун нуқта истифода карда истодаанд. Вале онҳо бехабар аз онанд, ки Тоҷикистони муосир Тоҷикистони солҳои 90-ум нест ва халқи он аз лиҳози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ хело пеш рафтааст, ба фарқи дӯсту душмани хеш рафта метавонад.
Гарчанде аз 29.09.2015 сол фаъолияти ин ҳизби бадхоҳи миллӣ манъ карда шуда бошад ҳам вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи халқи бофарҳанги моро ба вартаи ҳалокат андозанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштан онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда бехабар аз онанд, ки онҳо ба лаънати халқи миллат гирифторанд.
Бобоев Абдукарим,
Иномҷонова Моҳира.
устодони кафедраи ҷомеашиносӣ