Эҳтиром ба либоси миллӣ эҳтиром ба миллат аст

Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ рушанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либосҳои қавмҳои дигар бо тарғиботҳои гулзанандаи «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Ба назари мо чунин таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз рўи хушбоварӣ ва нокифоягии огоҳии онҳо сурат мегирад. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, зеро унсуре аз «исломӣ будан», яъне сарро бо рўймол бастан дар он вуҷуд дорад, аммо ин фиреби назаре беш нест. Дар фарҳанги исломӣ аслан либоси ягонае вуҷуд надорад ва ҳар миллат тавассути либоси миллии худ дар тамоми давраҳои ислом либос мепушид.

Либос ҳарчанд ҷиҳати зоҳирии инсонро муаррифӣ мекунад, аммо дар илми зебоишиносии муосири ҷаҳонӣ муаррифгари фарҳанг ва зебоиписандии ҳар қавму миллат дар назди башарият эътироф шудааст. Аз ҷониби дигар, либос барои ҳифзи тани инсон аз ҳаргуна ҳодисаҳои номусоиди табиӣ зарур аст. Либос нақши зебоипарастиро бозида, вобаста ба намуди фаъолияти инсон, маросиму ҷашнвораҳо, синну сол интихоб карда мешавад. Инчунин, интихоби либос ба синну сол ва мавқеи ҷуғрофии маҳал низ вобаста аст, зеро дар манотиқи гарм пўшидани либосҳои ранги сиёҳ ба саломатӣ зарар дорад. Ё баръакс, дар ҷойҳои сард пўшидани либоси ранги сафед ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба тарзи зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Либоси миллӣ муаррифгари  халқи  ҳар давлати мустақилу миллатпарвар мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар як кишвар аст, вале имрўз мавзўи баҳснок фарҳанги либоспўшии мо – тоҷикон аст.

Тақлиди кўр-кўронаи либоспўшӣ ба кишварҳои Ғарб ва Аврупо бисёр нанговар аст.  Аз тарзи либоспўшии бархе занону бонувоне, ки қисми бадани онҳо урёнанд, ба оянда чӣ тавр бо назари нек нигоҳ мекунем? Ё баъзан занҳое, ки синну солашон ба ҷое расидаасту ба либоспўшии ҷавонон тақлид менамоянд, ба назар мерасанд.

Мутаассифона, имрўз ҷомеаи моро бўҳрони ахлоқӣ низ таҳдид карда истодааст, ки тарзи либоспўшии бархе аз занони тоҷик аз он шаҳодат медиҳад. Биёед, ба худ каме эътибор дода, худро тарбия намоем. Либоси миллӣ ва  чеҳраи тоҷиконаи зан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ў натанҳо ба миллати худ низ балки ба оилаи худ вафодору устувор аст.

Гулчеҳра Аҳророва,
номзади илмҳои филологӣ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *