Охирҳои асрҳои 19 ва тамоми асри 20 ва оғози асри 21 вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон пур аз ҳодисаю воқеаҳое буданд, ки ба ғайр аз омилҳои мусбӣ самти манфиашон низ аз назар холи нест. Ба омилҳои манфӣ авҷи ҳаракатҳои ифротӣ террористӣ ва экстремистии хусусиятҳои динӣ пайдо карда дохил мешаванд, яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Зери таъсири ин ҳаракатҳо оғози солҳои 90-уми қарни 20 баъди пошхӯрии ИҶШС дар ватани маҳбубамон Тоҷикистон низ амалҳои террористӣ, ифротгароӣ таҳти роҳбарии наҳзати ислом ба вуҷуд омад, ки он боиси зарарҳои зиёди иқтисодию ҷонӣ гашта буд. Баъд аз воқеаҳои солҳои 2015 (ҳаракати табадулотхоҳонаи генерал Ҳоҷиаҳалим Назарзода ) бо талаби прокурони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди Олии Ҷумҳурӣ фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ намуда бошад ҳам, вале роҳбарони он ба монанди Кабирӣ ҷилои ватан намуда аз хориҷи кишвар нисбати мардуми озоданеши тоҷик ва Тоҷикистони офтобрӯя бо суханҳои бӯҳтономези худ фикри ҷаҳониёнро дигар кардан мехоҳанд, вале худ бехабаранд, ки аз амалҳои зишти ин манфурон кулли мардуми тоҷик ва ҷаҳониён бохабаранду онҳо ба мақсади нопоки худ ҳеҷ гоҳ ноил шуда наметавонанд.
Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернетӣ мо дучори он мегардем ки кӯрнамакон Кабирӣ ва чанде аз пайравони хиёнатпешаи ҷилои ватаннамуда ҳамчун косалесон аз хориҷи кишвар истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода карор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси тоҷик ки фарҳанги бою ғании хешро соҳиб аст ба доми фиреби ин гуна ватангадоён бовар нахоҳад кард. Мо зиёиён ва кулли халқи баору номуси тоҷик ба суханҳои авонфиребонаи ин гуна каждумони зери бурё бовар нахоҳем кард ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол иқтидори давлати азизамонро дучанд боло хоҳем бурд то иқтидори давлат бузургтар гардаду сатҳи зиндагии мардум боло рафта афсонаҳои ҳавоӣ будани ин аҳриманзодаҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ фош созад.
Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз хизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу харакатҳои ифротгаро ва иртиҷоие низ ҳастанд, ки илҳомбахши фаъолияташон Кабирӣ ва гумоштаҳои аҷнабӣ мебошанд ки сулҳу субот, шукуфоӣ, тараққиёт ва иқтидори зина ба зина боблоравандаи Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоранду тавассути ВАУ-и хориҷ онро бадном кардан мехоҳанд.
Боиси шукр ва хушнудист, ки Худованди бузург марому мақсади ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи инсонбадбинӣ аз байн бурда боиси ашки ҳасратрезии волидайн ва фарзандони бегуноҳи онҳо гаштанд.
Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯровари, тағйир додани сохти конститутсиони равона гардидааст ё маҳалгарои ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломии асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.
Бобоев Абдукарим,
Иномҷонова Моҳира,
устодони кафедраи ҷомеашиносӣ